ФИЛМИ ҲУНАРИИ «ВИҶДОН». Дар пасманзари он маконҳои зебои сайёҳиву ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 28.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ наворбардории филми ҳунарии «Виҷдон» бо коргардонии Соҳибёр Толиб идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.
Саҳнаҳои филм дар ҳудуди ноҳияҳои Шоҳмансур, Рӯдакӣ, Варзоб, Фурудгоҳи байналмилалӣ ва бозори «Меҳргон»-и пойтахт рӯйи навор омада, ҳунарпешаҳои театру синамои тоҷик барои офаридани нақшҳо ҷалб гардидаанд.
Гурӯҳи эҷодию техникии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар раванди филмбардорӣ фаъолона иштирок намуда, барои дар сатҳи муносиб наворбардорӣ шудани филм саҳми босазо мегузорад.
Достони филм робитаи падар бо писар ва гуфтугӯйи байни наслҳоро дар ҷомеаи имрӯз тасвир мекунад.
Фаъолияти яке аз қаҳрамонҳои филм дар ширкати сайёҳӣ маконҳои зебою дилфиреби Тоҷикистонро ба намоиш мегузорад. Дар пасманзари филм ҳунарҳои мардумӣ, таому либосҳои миллӣ, маконҳои сайёҳию таърихӣ ва анъанаю маросими миллӣ таҷассум гардида, ба тарғибу муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик мусоидат менамоянд.
Муаллиф ва коргардон-таҳиягари филми ҳунарии «Виҷдон» Соҳибёр Толиб, наворбардор Шуҳрат Қурбонов, рассом Фидо Азизмамадов, рассоми либос Эраҷшоҳ Искандаров ва директори филм Субҳон Идиев мебошанд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






