ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 16.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври дуюми чемпионати Тоҷикистон дар мавсими 2024 ба анҷом расиданд. Дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор пешсаф мебошанд. Дастаҳои футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар ва «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ то ҳанӯз гол назадаанд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаҳои футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар ва «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ то ҳанӯз имтиёз надоранд. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб аввалин пирӯзиро дар майдони хонагӣ ба даст овард. Дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Исратавшан аввалин имтиёзро баъди бозӣ бо дастаи футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор ба даст овард.
Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ягона дастае аст, ки ба дарвозааш гол сар надодааст. Ҳамчунин дар даври дуюм нисбат ба даври якум 7 гол камтар зада шуд (21-14). Бозии аз ҳама сертамошобини даври дуюм бо 13 ҳазору 486 нафар мухлис бозии дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буд.
Хотиррасон мешавем, ки 12 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии дастаҳои футболи «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода мусовӣ- бе гол анҷом ёфт. Ин аввалин бозӣ дар мавсими имсолаи чемпионати Тоҷикистон буд, ки дар он тӯб ба нишон нарасид.
Инчунин 13 апрел дар варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва КМВА-и шаҳри Душанбе бозӣ намуданд. Дар ин бозӣ дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд аз дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрд. Голҳои дастаи КМВА-и шаҳри Душанберо Абдулло Шарипов, Муҳиддин Одилов ва Комрони Мирзохон ба нишон расониданд.
Дастаҳои футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозӣ намуданд. Дар ин бозӣ аз дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Алишер Ҷалилов ва Шервонӣ Мабатшоев (дубл) тӯбҳоро ба нишон раосниданд.
Бозии охири даври дуюм байни дастаҳои «Истаравшан»-и шаҳри Исратавшан ва «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор дар варзишгоҳи «20- солагии «Истиқлолияти Тоҷикистон» доир шуда, ғолиб муайян нашуд. Тӯби мизбононро Ҷамшед Ҳасанов ва тӯби меҳмононро Билол Бобоев ба нишон расониданд.
Бозиҳои даври сеюм дар Лигаи олӣ
19 апрел | 18:00
«Ҳосилот» – «Эсхата»
«Панҷшер» – «Истаравшан»
20 апрел | 18:00
«Барқчӣ» – «Вахш»
КМВА – «Равшан»
21 апрел | 18:00
«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»
«Истиқлол» – «Куктош»
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






