Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба водии Бартанги ноҳияи Рӯшон рафт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.
Ҳадафи сафар аз иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҳалли мушкилоти мардуми водӣ иборат буд.
Зимни мулоқоти гурӯҳи корӣ бо сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Бартанг Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар соли 2023 ва семоҳаи аввали соли 2024 ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дар баробари дигар минтақаҳои вилоят дар водии Бартанг низ корҳои зиёде анҷом дода шуданд.
Изҳор гардид, ки бо ташаббуси маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон -Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон» дар оинаи таърих» барои рӯ овардан ба китобу китобхонӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ баргузор шуданд. Хушбахтона, иштироки хонандагони водӣ дар ин озмунҳо назаррас мебошад. Падару модарон ва омӯзгорон бояд кӯшиш намоянд, ки фарзандон ва хонандагони онҳо ба натиҷаҳои аз ин ҳам беҳтар ноил гарданд.
Дар вохӯрӣ аз рушди ин минтақа дар замони соҳибистиқлолии мамлакат мисолҳо оварда шуд. Иброз гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар минтақаҳои баландкӯҳ ба сокинони заҳматкашу меҳнатдӯсти водии Бартанг низ таваҷҷуҳи хосса доранд.
Имрӯз бо бунёди силсиланеругоҳҳои барқи обӣ ва алоқаи мобилӣ, ки сокинон солҳои пеш дар ин самт бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ буданд, корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда, мушкилиҳо низ паси сар гардиданд.
Раиси вилоят иброз дошт, ки соҳаи маориф ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат қарор дорад ва мушкилии ин соҳа, аз ҷумла таъмиру навсозии мактабҳо минбаъд бартараф карда мешавад.
Чунин вохӯриҳо бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Басид ва Савноб низ баргузор шуданд.
Сипас гурӯҳи корӣ бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Ачирх»-и Ҷамоати деҳоти Басид шинос шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






