Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
ВАРЗОБ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Варзоб дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа, ходимони дин ва бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ вохӯриҳои гурӯҳҳои кории тарғиботӣ бо сокинони ноҳия ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ доир гардиданд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб хабар медиҳад.
Дар вохӯриҳо иброз гардид, ки чун дигар шаҳрвандони Тоҷикистон сокинони ноҳияи Варзоб низ бо меҳру муҳаббат, ихлос, вафодорию ризомандӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини сулҳу ваҳдати комил, иттиҳоду ҳамбастагии сокинони мамлакат, ба хотири ободии бештари ноҳия, зиндагии шоистаю хушбахтонаи фарзандони сарзамин ва дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи давлату Ҳукумат содиқона хизмат менамоянд.
Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин хотиррасон намуданд, ки «мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз шаҳрвандони мо фаризаҳои динияшонро озодона анҷом медиҳанд». Аз ин рӯ мо, сокинони ноҳия вазифадорем, ки фарзандонамонро хуб таълиму тарбия намуда, соҳиби касбҳои муносиб гардонем. Ҳамчунин барои ғанӣ гардонидани буҷети оила ва муҳайё намудани шароити хуби зиндагӣ бояд занон-модарон дар тӯю маъракаҳо ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд, зиёдаравӣ накунанд ва ба қонунҳои давлат эҳтиром гузоранд.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб имрӯзҳо гурӯҳҳои корӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо хонандагону волидайни онҳо ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир ба иҷро намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», пешгирии ҷинояткорӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилию шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои муҳим вохӯрӣ мегузаронанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб








11 август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
«МЕЪМОР-2026». Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷамъбаст шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли равғани растанӣ зиёд гардидааст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






