Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ДУШАНБЕ, 06.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, ки то 31 май идома меёбад. Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хизмати ҳарбӣ даъват мегарданд. Солҳои охир ҷавонони далери мамлакат ба таври ихтиёрӣ ба хизмати Ватан-Модар ҳозир мешаванд.
Ташаббуси ихтиёран ҳозир шудани ҷавонписарон ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат далели он аст, ки имрӯз ҷавонони шуҷои тоҷик аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба пуштибонӣ менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои артиши пурқудрат буда, хизмат дар он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди комил ба ҳисоб меравад. Дар ин мактаби ҷасорату мардонагӣ маҳз сарбозон ва афсарони содиқи Ватан обутоб ёфта, барои ҳифзи марзу буми ҷумҳурӣ омода мешаванд. Ҳанӯз аз даврони соҳибистиқлолии мамлакат фарзонафарзандони ин меҳан марзу буми ҷумҳуриро баробари ҷон ҳифз менамоянд.
Мавриди гуфтан аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳон дар байни бархӯрд ва пайомадҳои даҳшатборе қарор дорад, ки таъсири онҳо ба мамлакатҳои амну осоишта низ мерасад. Албатта, ин бархӯрд ва низоъҳои сиёсӣ ба ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо низ хатарзо мебошанд. Бо ин мақсад моро зарур аст, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ адо намуда, баҳри ҳифзи марзу буми сарзаминамон устуворона қадам гузорем.
Ҳамасола даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аввали моҳи апрел оғоз меёбад. Мо, ҷавононро зарур аст, ки бо шиори мардонагиву матонат ҳамчун сарбози содиқи Ватан ба хизмати ҳарбӣ раҳсипор гардем. Зеро ҳимояи Ватан, марзу бум ва обу хоки ин сарзамин барои мо муқаддас аст. Артиши миллӣ мактаби мардонагиву матонат, шарафу номус ва ҷасорат буда, хизмат дар он қарзи шаҳрвандии ҷавонон мебошад.
Дар ҳамин раванд бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо барои сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хуби модиву маънавӣ фароҳам оварда шудааст, ки ба хизмати ватандӯстона ва садоқатмандонаи онҳо мусоидат менамояд. Имрӯз ҷавонон бояд аз фурсати муносиб истифода намуда, дар пайравӣ ба сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хизмат намоянд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварии комил дар ҳар суханрониашон иброз менамоянд, ки ҷавонон зери таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дошта, сол то сол мақоми онҳо дар ҷомеа баланд меравад. Аз ин рӯ мо, ҷавонон ба қадри ин неъматҳо ва ғамхориҳои Сарвари давлат бояд расида, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро шараф, номус ва масъулияти шаҳрвандӣ дониста, онро бо сари баланд ба ҷо орем. Ҳамзамон мо вазифадор ҳастем, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ дар пойдории сулҳу суботи ҷумҳурӣ саҳм гузорем. Албата, ин ватани мо, марзи номуси мо аст ва мо бояд бо ғурури ватандӯстона баҳри ҳимояи ин давлату миллат сар барорем. Ба ҷуз аз мо ҳеҷ бегонае ин корро анҷом намедиҳад.
Ҳар ҷавони зодаи истиқлол бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ бояд хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро масъулияти аввалиндараҷа ҳисобида, баҳри ҳимояи марзу буми Ватан сина сипар намояд. Бо хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷавонон сазовори боварии Пешвои миллат мегарданд.
Муҳаммад АМИНЗОД,
котиби матбуоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС аз бойгонӣ








Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






