Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст

Апрель 6, 2024 09:57

ДУШАНБЕ, 06.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар тамоми  шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, ки то 31 май идома меёбад. Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хизмати ҳарбӣ даъват мегарданд.  Солҳои охир ҷавонони далери мамлакат ба таври ихтиёрӣ ба хизмати Ватан-Модар ҳозир мешаванд.

Ташаббуси ихтиёран ҳозир шудани ҷавонписарон ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат далели он аст, ки имрӯз ҷавонони шуҷои тоҷик аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба пуштибонӣ менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои артиши пурқудрат буда, хизмат дар он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди комил ба ҳисоб меравад. Дар ин мактаби ҷасорату мардонагӣ маҳз сарбозон ва афсарони содиқи Ватан обутоб ёфта, барои ҳифзи марзу буми ҷумҳурӣ омода мешаванд. Ҳанӯз аз даврони соҳибистиқлолии мамлакат фарзонафарзандони ин меҳан марзу буми ҷумҳуриро баробари ҷон ҳифз менамоянд.

Мавриди гуфтан аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳон дар байни бархӯрд ва пайомадҳои даҳшатборе қарор дорад, ки таъсири онҳо ба мамлакатҳои амну осоишта низ мерасад. Албатта, ин бархӯрд ва низоъҳои сиёсӣ ба ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо низ хатарзо мебошанд. Бо ин мақсад моро зарур аст, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ адо намуда, баҳри ҳифзи марзу буми сарзаминамон устуворона қадам гузорем.

Ҳамасола даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аввали моҳи апрел оғоз меёбад. Мо, ҷавононро зарур аст, ки бо шиори мардонагиву матонат ҳамчун сарбози содиқи Ватан ба хизмати ҳарбӣ раҳсипор гардем. Зеро ҳимояи Ватан, марзу бум ва обу хоки ин сарзамин барои мо муқаддас аст. Артиши миллӣ мактаби мардонагиву матонат, шарафу номус ва ҷасорат буда, хизмат дар он қарзи шаҳрвандии ҷавонон мебошад.

Дар ҳамин раванд бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо барои сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хуби модиву маънавӣ фароҳам оварда шудааст, ки ба хизмати ватандӯстона ва  садоқатмандонаи онҳо мусоидат менамояд. Имрӯз ҷавонон бояд аз фурсати муносиб истифода намуда, дар пайравӣ ба сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хизмат намоянд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварии комил дар ҳар суханрониашон иброз менамоянд, ки ҷавонон зери таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дошта, сол то сол мақоми онҳо дар ҷомеа баланд меравад. Аз ин рӯ мо, ҷавонон ба қадри ин неъматҳо ва ғамхориҳои Сарвари давлат бояд расида, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро шараф, номус ва масъулияти шаҳрвандӣ дониста, онро бо сари баланд ба ҷо орем. Ҳамзамон мо вазифадор ҳастем, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ дар пойдории сулҳу суботи ҷумҳурӣ саҳм гузорем. Албата, ин ватани мо, марзи номуси мо аст ва  мо бояд бо ғурури ватандӯстона баҳри ҳимояи ин давлату миллат сар барорем. Ба ҷуз аз мо ҳеҷ бегонае ин корро анҷом намедиҳад.

Ҳар ҷавони зодаи истиқлол бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ  бояд хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро масъулияти аввалиндараҷа ҳисобида, баҳри ҳимояи марзу буми Ватан сина сипар намояд. Бо хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷавонон сазовори боварии Пешвои миллат мегарданд.

Муҳаммад АМИНЗОД,
котиби матбуоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 

АКС аз бойгонӣ

Апрель 6, 2024 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи рақамикунонӣ барои идораи соҳаҳои геология, гидрология ва глятсиология аҳамияти бештар пайдо мекунад
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ асоси ислоҳот дар соҳаи маориф аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сиёҳдона организмро аз пиршавӣ ва бемориҳои онкологӣ эмиин нигоҳ медорад
ХИШТИ АВВАЛ ЧУН НИҲАД МЕЪМОР КАҶ… Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зиёд намудани теъдоди муассисаҳои томактабӣ таъкид гардид
Таваҷҷуҳ! Насби таҷҳизоти махсуси рӯшноӣ ва садо дар мошинҳои шахсӣ хилофи қонун аст
АРЗЁБИИ ХОНИШ-ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ СОҲАИ МАОРИФ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Мубориза бо хурофот ва ҷаҳолат рисолати шаҳрвандии ҳар фарди Тоҷикистон аст
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оғози марҳилаи рушди инноватсия мебошад
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин мавзуъ
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон чӣ гуна татбиқ мегардад?
НАЗАРИ КОРШИНОС. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ асос ёфтаанд
МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ