ИЛМ-АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ. Таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ таҳти унвони «Илм – асоси рушди инноватсионӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва унвонҷӯён баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд, дар ҷаласаи пленарии конференсия намояндагони вазоратҳои маориф ва илм ва нақлиёти Тоҷикистон иштирок намуданд.
Имсол аз ҷониби омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон ва унвонҷӯёну докторантон зиёда аз 100 мақолаи илмӣ барои нашр дар маҷмуа пешниҳод гардид. Инчунин мақолаҳои илмӣ аз Узбекистон, Қазоқистон, Русия ва Словакия низ пешниҳод гардиданд. Мақолаҳои пешниҳодшуда ба 6 бахш ва 11 самт тақсим шудаанд, ки аз «Энергетика ва иқтисод», «Технологияи кимиё ва металлургия, мошинсозӣ, маводшиносӣ ва технологияи мавод», «Сохтмон ва меъморӣ», «Технологияи иттилоотӣ ва илмҳои бунёдӣ», «Сохтмони нақлиёт ва нақлиёт», «Илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ, экология ва идоракунии сифати таълими муҳандисӣ» иборат мебошанд.
Бояд гуфт, ки имсол аввалин маротиба маводи конференсия дар асоси шартномаи тарафайн ба китобхонаи илмӣ-электронии eLIBRARY ворид карда мешавад. eLIBRARY.RU бузургтарин китобхонаи электронии нашрияҳои илмии Русия буда, дорои имконияти ғании ҷустуҷӯ ва таҳлили иттилооти илмӣ мебошад.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






