ИЛМ-АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ. Таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд

Апрель 21, 2024 09:36

ДУШАНБЕ, 21.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ таҳти унвони «Илм – асоси рушди инноватсионӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва унвонҷӯён баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд, дар ҷаласаи пленарии конференсия намояндагони вазоратҳои маориф ва илм ва нақлиёти Тоҷикистон иштирок намуданд.

Имсол аз ҷониби омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон ва унвонҷӯёну докторантон зиёда аз 100 мақолаи илмӣ барои нашр дар маҷмуа пешниҳод гардид. Инчунин мақолаҳои илмӣ аз Узбекистон, Қазоқистон, Русия ва Словакия низ пешниҳод гардиданд. Мақолаҳои пешниҳодшуда ба 6 бахш ва  11 самт тақсим шудаанд, ки аз «Энергетика ва иқтисод», «Технологияи кимиё ва металлургия, мошинсозӣ, маводшиносӣ ва технологияи мавод», «Сохтмон ва меъморӣ», «Технологияи иттилоотӣ ва илмҳои бунёдӣ», «Сохтмони нақлиёт ва нақлиёт», «Илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ, экология ва идоракунии сифати таълими муҳандисӣ» иборат мебошанд.

Бояд гуфт, ки имсол аввалин маротиба маводи конференсия дар асоси шартномаи тарафайн ба китобхонаи илмӣ-электронии eLIBRARY ворид карда мешавад. eLIBRARY.RU бузургтарин китобхонаи электронии нашрияҳои илмии Русия буда, дорои имконияти ғании ҷустуҷӯ ва таҳлили иттилооти илмӣ мебошад.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

Апрель 21, 2024 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
АЗ МЕРОСИ МИЛЛӢ ТО САРМОЯИ ИЛМИИ БАШАРИЯТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид
Доир ба Конвенсияи Ромсар ва аҳамияти байналмилалии он нишасти илмӣ баргузор гардид
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб — заминаи густариши илми тиб, муаррифии шахсият ва осори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар гиромидошти қаҳрамонони миллат ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе масъалаҳои рушди соҳаи илму маориф бо ректори Донишгоҳи СММ баррасӣ гардид
Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд
ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Он насли наврасро водор месозад, ки аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд