Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ баргузор шуд

Апрель 5, 2024 17:28

ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодии /МОИ/ Тоҷикистон 1462 ҷойи кор таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузориҳо ба 2350 миллион сомонӣ расидааст. Ин нукта дар ҷаласаи навбатии Шурои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон — Раиси Шурои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ Ҳоким Холиқзода имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид, гуфта шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки ҷаласа бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  гардид.

Гуфта шуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ 96 ширкати ватанию хориҷӣ сабт шудааст, ки аз ин 35 субъект ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», 34 субъект ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», 8 субъект ба Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», 14 субъект ба Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ва 5 субъект ба Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» рост меояд.

Ҳоло аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсоли металлоконструксия, профилҳои алюминӣ ва пластикӣ барои дару тирезаҳо, лӯлаҳо ва зарфҳои пластикӣ, ноқилҳои барқӣ, рангу бори сохтмонӣ, маҳсулоти металлопластикӣ, дару тирезаҳои чӯбин, маҳсулоти ороишии сохтмонӣ, мебел ва маводи шустушӯӣ ба роҳ монда шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли 2023 ба 445,6 миллион сомонӣ (25,4 миллион сомонӣ зиёд нисбат ба ҳамин давраи соли 2022) баробар гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз оғози фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба 2302 миллион сомонӣ баробар гардидааст.

Дар ҷаласа ҳисоботи котиби масъули Шурои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои қаблии Шурои нозирон ва ҳисоботи роҳбарони маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Данғара», «Кӯлоб», «Панҷ» ва «Ишкошим» оид ба фаъолияти минтақаҳо дар соли 2023 шунида шуд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо, муовини раиси Шуро  Завқӣ Завқизода  дар муҳокимаҳо иштирок намуда, вобаста ба роҳҳои боз ҳам рушд додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ таклифҳо пешниҳод намуд.

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси Шурои нозирон ба вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарони маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, тақвияти фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот ва содироти онҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд.

АКС: Вазорати  рушди иқтисод ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 5, 2024 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд