Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
ДУШАНБЕ, 13.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 15 апрел дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 15 апрел дар ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Суғд сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест. Бо сабаби боридани бориши сел дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр бориши борону барф) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо 20+22 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо бориши борон дар назар буда, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо 2+4 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 13+15 дараҷа гарм, рӯзона 19+21 дараҷа гарм мешавад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






