«Интернет барои хона»: боз ҳашт маҳаллаи дигар
ДУШАНБЕ, 15.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Интернети ноқилӣ аз аввалин оператори имконияти нави рақамӣ дар маҳаллаҳои № 13, 62, 65, 83, 84, 101 ва 103, инчунин дар маҳаллаи Испечак-2-и шаҳри Душанбе дастрас мегардад. Дар натиҷаи пайвасткунии марҳилавии маҳаллаҳои нав сокинони боз 20 ҳазор хонаи истиқоматии пойтахт метавонанд аз технологияи GPON бо суръати баланд истифода баранд.
Ҳангоми пайдо намудани имконияти техникии пайвасткунии «Интернет барои хона» танҳо ба рақами 4747 занг зада, дархост гузоштан кофӣ аст. Мутахассисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» давоми як шабонарӯз хизматрасониро пайваст мекунанд. Тарофаи мувофиқро метавон пешакӣ дар сомонаи оператор интихоб намуд.
Нархи пасттарини хизматрасонӣ 77 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад, ки ин арзиши тарофаи «Барои Хона 2 Мбит/с» мебошад. Тарофаҳое мавҷуд ҳастанд, ки ҳам пардохти мувофиқи моҳона ва ҳам солона доранд. Хизматрасониҳои пайвастшударо метавон бо ёрии замимаи мобилии «МегаФон Life» идора кард. Дар ҳуҷраи шахсии истифодабаранда функсияҳое, чун ивази тарофа, назорати тавозун, хабарҳои мубрами марбут ба хизматрасонии «Интернет барои хона» дастрас мебошанд.
Мо кӯшиш мекунем, ки тамоми сокинони пойтахтро на танҳо бо интернети ноқилӣ таъмин намоем, балки хизматрасониро то ҳадди имкон мувофиқ гардонем. Мустақилона идора кардан тавассути МегаФон Life ё якҷоя кардани интернети хонагӣ бо тарофаи мобилӣ барои пардохти яквақта танҳо баъзе аз афзалияте аст, ки барои муштариёни мо дастрас мебошад. Рӯйдодҳоро пайгирӣ намоед, то аз пайдо шудани «Интернет баро хона» дар маҳаллаатон бехабар намонед!»,- мегӯяд директори департамент оид ба инкишоф ва корбурди ТМСБ ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Алиҷон Ғаниев.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






