Китоби методҳои ҳалли масъалаҳои математикӣ ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 07.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Методҳои ҳалли масъалаҳои математикӣ»-таҳти чунин унвон китоби дарсии дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Мамадҷон Маҳкамов ба тозагӣ интишор гардид, ки барои донишҷӯёни ихтисосҳои математика, информатика ва физика пешбинӣ шудааст.
Тавре ба АМИТ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ хабар доданд, китоб методҳои ҳалли масъалаҳои математикиро дар бар гирифта, дорои маводи назарӣ, таснифоти методҳои ҳал ва супоришҳои амалӣ барои кори мустақилонаи донишҷӯён мебошад.
Китоб барои истифодаи тарзҳои гуногуни ҳалли масъалаҳо ва унсурҳои таърихи математика дар раванди таълими ин фан дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти миёна ва умумӣ имкон фароҳам меорад.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






