Китоби методҳои ҳалли масъалаҳои математикӣ ба нашр расид

Апрель 7, 2024 14:11

ДУШАНБЕ, 07.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Методҳои ҳалли масъалаҳои математикӣ»-таҳти чунин унвон  китоби дарсии дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Мамадҷон Маҳкамов ба тозагӣ интишор гардид, ки барои донишҷӯёни ихтисосҳои математика, информатика ва физика пешбинӣ шудааст.

Тавре ба АМИТ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ хабар доданд, китоб методҳои ҳалли масъалаҳои математикиро дар бар гирифта, дорои маводи назарӣ, таснифоти методҳои ҳал ва супоришҳои амалӣ барои кори мустақилонаи донишҷӯён мебошад.

Китоб барои истифодаи тарзҳои гуногуни ҳалли масъалаҳо ва унсурҳои таърихи математика дар раванди таълими ин фан дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти миёна ва умумӣ имкон фароҳам меорад.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Апрель 7, 2024 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд