Корхонаи давлатии фаръии «Обтаъминкунӣ» дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба беш аз 4 ҳазор хоҷагӣ хизмат мерасонад
ҲАМАДОНӢ, 07.04.2024 / АМИТ «Ховар» /. Корхонаи давлатии фаръии «Обтаъминкунӣ» дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба 4 ҳазору 310 хоҷагӣ, ки 18 ҳазору 510 муштариро ташкил медиҳад, хизмат расонида, онҳоро бо об таъмин менамояд. Дар ин хусус директори корхона Рустам Раҳматов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар айни замон дар корхона 3 зарфи калон барои захираи оби ошомиданӣ бо ғунҷоиши 255 мукааб об насб гардидааст. Инчунин як зарфи дигар барои захираи оби ошомиданӣ дар ҷамоати Меҳнатобод бо ғунҷоиши 85 мукааб об насб шуда, ин ҷамоатро пурра бо об таъмин менамояд.
Рустам Раҳматов дар идомаи суҳбат гуфт: » Корхонаи давлатии фаръии «Обтаъминкунӣ» дар ноҳияи Ҳамадонӣ худмаблағгузор буда, бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ», ки аз 22 июни соли 2023 ба тасвиб расидааст, якчанд корҳои назаррас анҷом дода, муштариёнаш пурра ба тариқи постерминалҳо маблағи истифодаи обро месупоранд».
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ 74,3 фоизи муштариён бо ҳисобкунакҳо таъмин гардидаанд.
Ҳамчунин изҳор гардид, ки дар айни замон дар корхона 31 корманд фаъолият намуда, корхона бо 39 ташкилоту муассисаи буҷетӣ, марказҳои хизматрасонӣ, ошхона, дорухона ва дигар ташкилоти ғайридавлатие, ки дар ноҳия фаъолият менамоянд, шартномаи ҳамкорӣ доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






