Корхонаи давлатии фаръии «Обтаъминкунӣ» дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба беш аз 4 ҳазор хоҷагӣ хизмат мерасонад

Апрель 7, 2024 13:33

ҲАМАДОНӢ, 07.04.2024 / АМИТ «Ховар» /. Корхонаи давлатии фаръии «Обтаъминкунӣ» дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба 4 ҳазору 310 хоҷагӣ, ки  18 ҳазору 510 муштариро ташкил медиҳад, хизмат расонида, онҳоро бо об таъмин менамояд. Дар ин хусус  директори корхона Рустам Раҳматов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар айни замон дар корхона 3  зарфи калон барои захираи оби ошомиданӣ бо ғунҷоиши 255 мукааб об насб гардидааст. Инчунин як зарфи дигар барои захираи оби ошомиданӣ дар ҷамоати Меҳнатобод бо ғунҷоиши 85 мукааб об насб шуда, ин ҷамоатро пурра бо об таъмин менамояд.

Рустам Раҳматов дар идомаи суҳбат гуфт: » Корхонаи давлатии фаръии «Обтаъминкунӣ» дар ноҳияи Ҳамадонӣ худмаблағгузор буда, бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ», ки аз 22 июни соли 2023 ба тасвиб расидааст, якчанд корҳои назаррас анҷом дода, муштариёнаш пурра ба тариқи постерминалҳо маблағи истифодаи обро месупоранд».

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ 74,3 фоизи муштариён бо ҳисобкунакҳо таъмин гардидаанд.

Ҳамчунин изҳор гардид, ки дар айни замон дар корхона 31 корманд фаъолият намуда, корхона бо 39 ташкилоту муассисаи буҷетӣ, марказҳои хизматрасонӣ, ошхона, дорухона ва дигар ташкилоти ғайридавлатие, ки дар ноҳия фаъолият менамоянд, шартномаи ҳамкорӣ доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 7, 2024 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар бахшҳои мошинсозӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан густариш медиҳанд
Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад
Дар Суғд оид ба муаррифии имконоти сармоягузории минтақа форуми тиҷоратӣ баргузор шуд
Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд