Лоиҳаи Харитаи электронии шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби КВД «Шаҳри ҳушманд» (Smart city) Лоиҳаи Харитаи электронии шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид. Лоиҳаи мазкур ҳамчун таҷдиди рақамии тамоми сохторҳои шаҳри Душанбе хизмат расонида, барои сокинон ва меҳмонони пойтахт роҳнамои хубе хоҳад буд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар баробари дигар дастоварду навовариҳое, ки дар пойтахт тайи чанд соли охир ба амал омадааст, аз ҷониби КВД «Шаҳри ҳушманд» -и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Лоиҳаи Харитаи электронии шаҳри Душанбе таҳия гардид.
Дар озмун чанд ширкат барои омода намудани Лоиҳаи Харитаи электронии шаҳри Душанбе иштирок карда, ҳуҷҷат пешниҳод намуданд. Аз бани онҳо лоиҳаи гурӯҳи ширкатҳои «ЭРА» бо пешниҳоди бартарияти инноватсионӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қабул гардид.
Зимни муаррифии Лоиҳаи мазкур гуфта шуд, ки ин навоварӣ ва лоиҳаи инноватсионӣ талаботи замони муосир буда, марҳила ба марҳила ба рақамикунонии ҳама соҳаҳо мегузарад.
Мавриди таъкид аст, ки лоиҳа «Картография»-ро дар бар гирифта, дар он корҳо оид ба муайянсозии ҳудуди шаҳр, таҳияи харитаи дученакаи шаҳр, омода намудани қабати нармафзор барои харита, тавлиди маҷмӯи ибтидоии инфрасохтор ва амсоли онҳо амалӣ карда мешавад.
Хусусият ва тарҳрезии система, ки дар он тадқиқоти тамоми муассисаҳои давлатӣ, ташаккули шартҳои техникӣ барои сохтани система, талабот ба қисми нармафзори комплекс, ташаккули маҷмӯи ҳуҷҷатҳои лоиҳакашӣ барои маҷмӯи барномавӣ-техникии «Smart city Dushanbe» амалӣ шудаанд, барои осон ва беҳбуд бахшидани кор мусоид мебошад.
Дар муаррифии лоиҳаи мазкур муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳр иштирок доштанд.
Дар охир иштирокдорони ҷамъомад барои боз ҳам мукаммал сохтани лоиҳаи мазкур таклифҳои ҷолиб пешниҳод намуда, ҳамчунин ба саволҳои худ посухи мушаххас гирифтанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
Рустами Эмомалӣ бо мақсади бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ бо бостоншиносону таърихнигорон вохӯрӣ намуданд
Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
«QR-РОҲНАМО». Шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави сайёҳии рақамӣ қадам мегузорад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона доир шуд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид






