Лоиҳаи «Ташхиси сохтори бозори пул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид

Апрель 10, 2024 14:39

ДУШАНБЕ, 10.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои марҳилаи аввали лоиҳаи «Ташхиси сохтори бозори пул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Вифел дар Душанбе баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад, ки Фирдавс Толибзода ба ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои ҳамкории самарабахши бисёрсола ва дастгирии доимӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат, бахусус пешниҳоди кумакҳои молиявию техникӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуд.

Гуфта шуд, ки муайян намудани заминаҳо ва омилҳои рушди бозори байнибонкии пул, инчунин бозори коғазҳои қиматнок дар пешбурди сиёсати пулию қарзии мамлакат ва таъмини устувории бахши молиявӣ нақши муҳим мебозад. Маҳз бо пайгирии ин байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаи ҳамкорӣ дар бораи омӯзиш ва ташхиси сохтори бозори пул ба имзо расидааст.

Тибқи барномаи пешбинишуда, барои идомаи лоиҳаи ташхиси бозори пул дар солҳои наздик бо ташкили гурӯҳи корӣ қадамҳои минбаъда гузошта мешаванд, ки ба баҳодиҳӣ ва муайянсозии монеаҳо, инчунин бозори байнибонкии пул таъсири мусбат мерасонанд. Бозори пул яке аз бахшҳои калидии низоми молиявӣ ба ҳисоб рафта, баҳри таъмин намудани инфрасохтори муосири пешниҳоди қарзҳои кӯтоҳмуҳлат ва ҷойгиркунии маблағҳо байни ташкилоти қарзӣ ба рушду устувории иқтисоди ҷумҳурӣ, инчунин тақсимоти самараноки захираҳои бонкӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт мусоидат менамояд.

«Ҳамчунин рушди бозори пул барои беҳбудию самарабахшии натиҷаҳои фаъолият ва вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар низоми молиявии мамлакат заминаҳои хуб фароҳам оварда, ба раванди гузариш ба реҷаи муосири сиёсати пулию қарзӣ — ҳадафгирии таваррум суръати нав мебахшад», — гуфт Фирдавс Толибзода.

Ҷонибҳо корҳои анҷомдодаро дар марҳилаи якуми ин лоиҳа баррасӣ намуда, муҳимияти онро барои тақвияти минбаъдаи бозори пул (Money Market) дар Тоҷикистон таъкид доштанд. Инчунин ҷонибҳо ҳавасмандиашонро ба таҳкими ҳамкории самарабахш изҳор намуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 10, 2024 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд