Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати молия ва вазорати идораи ҳолатҳои фавқулодаи Чин рӯзи чаҳоршанбе аз хазинаи марказии кумак ба офатҳои табиӣ 110 миллион юан (ҳудуди 15,48 миллион доллар) барои ҳимоят аз обхезӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар музофоти Сзянси, Гуандун ва вилояти мухтори Гуанси-Чжуан ҷудо намуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Казинформ» хабар медиҳад, дар ин хусус «Синхуа» иттилоъ додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла 40 миллион юан ба Сзянси, 50 миллион юан ба Гуандун ва 20 миллион юан ба вилояти мухтори Гуанси-Чжуан ҷудо мешавад.
Маблағҳо барои гузаронидани амалиёти фавқулодаю наҷот ва кӯчонидани зарардидагон, муайян кардани хатарҳои пинҳонии офатҳои дуюмдараҷаю рафъи изтирории онҳо ва таъмири биноҳои истиқоматии вайроншуда сарф мешаванд.
Мақомоти музофоти Гуандун рӯзи душанбе хабар доданд, ки бар асари бориши пай дар пай, ки рӯзҳои охир дар бисёре аз манотиқи ин вилоят ба амал омад, чаҳор нафар ҳалок шуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






