Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба донишгоҳҳои Қазоқистон, Беларус, Русия, Чин ва Эрон оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маркази барномаҳои байналмилалӣ аз рӯйи зинаи бакалавриат, магистратура, аспирантура ва докторантура ҳуҷҷатҳои довталабонро барои қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Беларус, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардуми Чин ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз намуд.
Барои довталабоне, ки дар ҷумҳуриҳои Қазоқистону Беларус таҳсил кардан мехоҳанд, интихоби ихтисосу донишгоҳ озод буда, танҳо таҳсили ройгон пешниҳод гардида, дигар хароҷот аз ҳисоби довталабон пардохт мегардад.
Барои довталабоне, ки дар Ҷумҳурии Мардуми Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Туркия таҳсил кардан мехоҳанд, тамоми хароҷот – таҳсилу буду боши довталаб аз ҳисоби бурсияҳои пешбинишуда ба таври ройгон пардохт мегардад.
Барои довталабоне, ки дар Федератсияи Русия- донишгоҳи МГИМО таҳсил кардан мехоҳанд, интихоби ихтисос озод буда, танҳо таҳсили ройгон пешниҳод гардида, дигар хароҷот аз ҳисоби довталабон амалӣ мегардад.
Қабули ҳуҷҷатҳо ба донишгоҳи МГИМО то 18 апрели 2024 идома меёбад.
Қабули ҳуҷҷатҳо ба Ҷумҳурии Мардуми Чин то 30 апрели 2024 идома меёбад.
Қабули ҳуҷҷатҳо ба Ҷумҳурии Қазоқистону Беларус ва Ҷумҳурии Исломии Эрон то 18 апрели 2024 идома меёбад.
Барои гирифтани маълумоти бештар ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» (суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода – 47) муроҷиат намоед.
Телефон барои тамос: +992 372 232359
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






