МАРОТИБАИ АВВАЛ. Байни тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии Душанбе озмуни забондонӣ идома дорад

Апрель 17, 2024 18:38

ДУШАНБЕ, 17.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Маротибаи аввал байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии «Ҷаҳондонӣ аз забондонист» гузаронида мешавад. Озмун дар айни замон ҷараён дошта, ба амалигардонии «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ва «Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бахшида шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Мақсад аз баргузории озмун ташаккули малакаҳои фаъолияти маърифатӣ, истифодаи бошууронаи калимаву ибораҳои омӯхта ва истифодаи онҳо дар муошират, ташаккули маҳорати бурро, фаҳмо ва ифоданок баён намудани фикр мебошад.

Инчунин озмун бо мақсади омода намудани кӯдакони синни томактабӣ ба таълим дар зинаи аввали таҳсилоти умумӣ ва ташаккули малакаҳои одии фаъолияти таълимӣ дар кӯдакони синни томактабӣ дар азхудкунии забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русиву англисӣ мебошад.

Дар даври шаҳрии озмун 58 кӯдаки гурӯҳи калон ва гурӯҳи омодагӣ ба мактаби муассисаҳои таълимии томактабии (5-7-сола) новобаста аз шакли моликият ва тобеият иштирок менамояд.

Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯи талаботи зерин муайян карда мешавад:

— қироати шеър ва аз ёд донистани чистон, тезгўяк ва ҳикояҳо бо 3 забон (забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ);

— бо 3 забон (забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) номбар кардани калимаҳо аз рӯи расмҳои пешниҳодшуда;

— кор бо матн (нақли мазмуни афсонаву ҳикоя бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз рӯи расми пешниҳодшуда);

Ғолибони даври якум, дуюм, сеюми озмун ва мураббиёни онҳо, ҳайати ҳакамон ва дастандаркорони озмун аз ҷониби ташкилкунандагони озмун (муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, шуъбаҳои маориф ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе) ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

Ба 15 нафар ғолибони даври сеюми озмун, (панҷгонаи аввал, панҷгонаи дуюм ва панҷгонаи сеюм) Ифтихорномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мукофотҳо ва роҳхат барои қабул ба синфи якуми муассисаҳои таълимии типпи нав (литсей ва гимназияҳо) -и аз ҳисоби буҷети ноҳияҳои пойтахт ва шаҳри Душанбе маблағгузоришаванда дода мешавад.

АКС: Маркази матбуоти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Апрель 17, 2024 18:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид