Масъулини вилояти Суғд баҳри ҳалли мушкилоти пойгоҳҳои обкашӣ ва норасоии обёрии замин вазифадор гардиданд
ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 аз сабаби мушкилоти пойгоҳҳои обкашӣ ва норасоии обёрии заминҳо дар бахши хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилояти Суғд кишти пахта нисбат ба соли 2022 9 ҳазор гектар ва кишти картошка 2,3 ҳазор гектар таъмин нагардид. Дар ин хусус зимни машварати кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд, ки 10 апрели соли равон дар шаҳри Гулистон доир гардид, иттилоъ дода шуд.
Аз ин лиҳоз, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар вазорату идораҳо вазифадор гардиданд, ки барои ислоҳи камбудиҳои соли сипаригардида чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамчунин ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки ҷиҳати оқилонаву самаранок истифода гардидани заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ, гузаронидани кишти такрорӣ, захира намудани маводи ғизоӣ ва омодагии ҳамаҷониба барои давраи тирамоҳу зимистон корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ васеъ ба роҳ монанд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки давоми ду-се соли охир дар вилоят сохтори кишти зироат риоя нагардида, дар заминҳои обӣ тамоюли зиёд кишт гардидани гандум ва юнучқа ба назар мерасад.
«Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки бо мақсади таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ кишти зироати баҳориро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом дода, риояи таркиби сохтори кишт ва иҷрои нишондиҳандаҳои дурнаморо таъмин созанд»,- таъкид намуданд Президенти мамлакат.
Ҳамчунин роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин тадбирҳои қатъӣ андешанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






