Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Вэйдун ба шаҳри Ҳисор рафта, Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки дар регистони Қалъаи Ҳисор меҳмононро роҳбарият ва масъулини шаҳри Ҳисор истиқбол гирифтанд.
Меҳмонон дар Қалъаи Ҳисор ёдгориҳои таърихии он, аз ҷумла қалъа, арк, қасри ҳоким, аскархона, амфитеатр, мадрасаҳои кӯҳнаю нав ва корвонсаройро тамошо намуданд. Ҳамзамон бо таърихи гузаштаи шаҳри бостонии Ҳисор, ки сайёҳони Чин ҳанӯз дар асрҳои миёна аз онҳо огоҳӣ доштанд, шинос гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






