Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ваҳдат 104,7 фоиз иҷро гардид
ВАҲДАТ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи аввали соли 2024 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ваҳдат ба андозаи 104,7 фоиз иҷро гардид. Тибқи иттилои масъулин, ба ҷойи 84 миллиону 180 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷети шаҳри Ваҳдат 88 миллиону 166 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 3 миллиону 986 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳимин давраи соли гузашта 23 миллиону 572 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Сардори Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат Алишер Алиев ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки солҳои гузашта дар шаҳри Ваҳдат нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ иҷро намешуд. Хушбахтона, дар натиҷаи корбарии дурусти роҳбарияти Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат дар семоҳаи аввали соли равон нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 106,1 фоиз таъмин карда шуд. Яъне ба ҷойи 13 миллиону 920 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда ба фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 14 миллиону 771 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 552,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Тибқи иттилои мудири бахши бақайдгирии Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат Рустам Солиев, бо назардошти барҳамдиҳии субъектҳои амалкунанда дар семоҳаи аввли соли 2024 зиёда аз 86 субъекти амалкунандаи нав ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шумора 4 ададаш корхонаи саноатию истеҳсолӣ мебошад.
Иҷро нагардидани нақшаҳои андоз дар шаҳри Ваҳдат дар солҳои гузашта яке аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт. Барои мисол, дар семоҳаи аввали соли 2023 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 91,2 фоиз иҷро гардида, нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ соли 2023 зиёда аз 86 фоиз таъмин гардид. Хушбахтона, бо зиёд гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни андозсупорандагон ва баланд гардидани маърифати ҳуқуқии соҳибкорону сокинони шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2024 нақшаҳои андоз барзиёд иҷро гардид.
Сардори Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат Алишер Алиев иброз дошт, ки мутахассисони нозироти андоз дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 мунтазам бо андозсупорандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Ҳамчунин бо амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» барои шаҳрвандон ва андозсупорандагон имконият фароҳам оварда шудааст, ки бо истифода аз хизматрасонии эквайрингӣ, ҳамёни электронӣ ва пос-терминалҳо маблағи андозҳо ва боҷҳоро ба таври ғайринақдӣ ба буҷет пардохт намоянд.
Бояд гуфт, ки соҳибкорону андозсупорандагони шаҳри Ваҳдат раванди рақамикунонии соҳаи андоз ва номгӯи хизматрасонии давлатӣ дар шакли электрониро хуб дарк намудаанд, ки ин ба иҷрои нақшаи андозҳо таъсири хуб мерасонад.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






