Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ваҳдат 104,7 фоиз иҷро гардид

Апрель 17, 2024 15:25

ВАҲДАТ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи аввали соли 2024  нақшаи андозҳо ва дигар  пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти  андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ  дар шаҳри Ваҳдат ба андозаи  104,7 фоиз иҷро гардид. Тибқи иттилои масъулин, ба ҷойи 84 миллиону 180 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинишуда  ба буҷети шаҳри Ваҳдат 88 миллиону 166 ҳазор сомонӣ  ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ  3 миллиону 986 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳимин давраи соли гузашта 23 миллиону 572 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Сардори Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат  Алишер Алиев ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки солҳои гузашта дар шаҳри Ваҳдат нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ  иҷро намешуд. Хушбахтона, дар натиҷаи корбарии дурусти роҳбарияти Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат дар семоҳаи аввали соли равон нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 106,1 фоиз таъмин карда шуд. Яъне ба ҷойи 13 миллиону 920 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда ба фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 14 миллиону 771 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 552,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Тибқи иттилои мудири бахши бақайдгирии Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат Рустам Солиев,  бо назардошти барҳамдиҳии субъектҳои амалкунанда дар семоҳаи аввли соли 2024 зиёда аз 86 субъекти амалкунандаи нав ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шумора 4 ададаш корхонаи саноатию истеҳсолӣ мебошад.

Иҷро нагардидани нақшаҳои андоз дар шаҳри Ваҳдат дар солҳои гузашта яке аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт. Барои мисол, дар семоҳаи аввали соли 2023  нақшаи андозҳо ва дигар  пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти  андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ  ба андозаи  91,2 фоиз иҷро гардида, нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ соли 2023 зиёда аз  86 фоиз таъмин гардид. Хушбахтона, бо зиёд гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни андозсупорандагон ва баланд гардидани маърифати ҳуқуқии соҳибкорону сокинони шаҳр дар семоҳаи аввали  соли 2024 нақшаҳои  андоз барзиёд иҷро гардид.

Сардори Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат  Алишер Алиев иброз дошт, ки мутахассисони нозироти андоз дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024  мунтазам бо андозсупорандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Ҳамчунин  бо амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ»  барои шаҳрвандон ва андозсупорандагон имконият фароҳам оварда шудааст, ки бо истифода аз хизматрасонии эквайрингӣ, ҳамёни электронӣ ва пос-терминалҳо маблағи андозҳо ва боҷҳоро ба таври ғайринақдӣ ба буҷет пардохт намоянд.

Бояд гуфт, ки   соҳибкорону андозсупорандагони  шаҳри Ваҳдат  раванди рақамикунонии соҳаи андоз ва номгӯи хизматрасонии давлатӣ дар шакли электрониро хуб дарк намудаанд, ки ин ба иҷрои нақшаи андозҳо таъсири хуб мерасонад.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 17, 2024 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ (ICIEC) мулоқот намуд
Завқӣ Завқизода аз Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маблағгузориро афзоиш диҳад
Силсилавохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд баргузор шуданд
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар Риёз бо Роҳбари ITFC мулоқот анҷом дод
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дар Риёз иштирок намуд
Одил Рено-Бассо: «Ҳамкории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Тоҷикистонро метавон ҳамчун ҳамкории шарикӣ арзёбӣ намуд»
Дар ноҳияи Данғара Фестивали «Саводнокии молиявӣ» гузаронида шуд
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Рӯзҳои сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Имсол дар вилояти Суғд ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе аз 3 то 5 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад