Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?

Апрель 18, 2024 12:26

ДУШАНБЕ, 18.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рақамикунонӣ – ин афзоиши маҳсулоти дохилии умумӣ, ҷойҳои нави корӣ ва роҳи мувофиқи ҳалли масъалаҳои сершумори маишӣ ва корӣ мебошад. Ҳама мехоҳанд, ки дар дилхоҳ қаҳвахона ё боғ аз Wi-Fi бархурдор бошанд, дар баландии кӯҳҳо ба якдигар аксу видео фиристанд, зери даст барои интиқоли мобилии маблағҳо интернети босуръат дошта бошанд. Ҳеҷ кас барои пеш бурдани ҳаёт дар давлати замонавӣ бо технологияҳои рушдёфтаи рақамӣ зид нест. Лекин боиси таассуф аст, ки Тоҷикистон на ҳамеша ба чунин интизориҳо мувофиқат мекунад. Барои чӣ ҳол чунин аст ва чӣ тавр метавон роҳи ҷумҳурии моро сӯи «рақам» вусъат бахшид?

Муқоисаи  нодуруст

 Имрӯз Тоҷикистон  технологияҳои рақамӣ ва интернетро фаъолона инкишоф медиҳад. Албатта, муқоиса кардани давлатҳои Осиёи Марказӣ, масалан бо Сингапур ё Дания дуруст нест. Дар баробари ин, чунин хусусияти ҷуғрофӣ, ба монанди кӯҳҳои баланд, ки ба сохтмони инфрасохтори рақамӣ дар Тоҷикистон монеа мешаванд, ҷой надоранд.

Баъзе воситаҳои ахбори омма чунин маълумоти афсонавиеро паҳн мекунанд, ки гӯё алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон заиф аст ва бе телефон кор кардан мумкин аст. Ин ба воқеият мувофиқат надорад: алоқаи овозӣ ва интернет дар ҳамаи роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ, дар иншооти маъруфи туристӣ ва инчунин дар кӯҳҳои Помиру ҷамоатҳои дурдасттарин фаъол мебошанд.

Чӣ кор анҷом дода шуд

Алҳол вазъият дар ҷумҳурӣ духӯра мебошад. Аз як тараф, барои пешрафти рақамӣ ширкатҳои телекоммуникатсионӣ иқдоми зиёд амалӣ кардаанд ва ин корро пайваста идома медиҳанд. Аз тарафи дигар – бояд дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Чиро ба қатори дороиҳо аллакай метавон ҳамроҳ кард? Пеш аз ҳама, инфрасохтори хеле инкишофёфтаеро, ки барои истифодаи интернет дар тамоми ҷумҳурӣ имконият медиҳад. Шабакаҳо ҳар сол васеъ мешаванд. Масалан, соли 2023 танҳо яке аз иштирокчиёни бозори телекоммуникатсионӣ зиёда аз 500 пойгоҳи базавиро ба кор даровард ва ин дастрасии digital-хизматрасониҳоро то сатҳи назаррас баланд намуд. Инчунин соли 2023 пардохти ғайринақдии ҳамаи хизматрасонии давлатӣ ва QR-рамзи ягона ба кор дароварда шуданд.

Дар омади гап, вобаста ба рақамикунонии молия: Мувофиқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон ҳоло 7,5 миллион нафар дар ҷумҳурӣ ҳамёнҳои мобилиро истифода мебаранд — ин теъдод аз миқдори дорандагони кортҳои пластикии бонкӣ зиёдтар мебошад. Дорандагони кортҳо 6,4 миллион нафарро ташкил медиҳанд. Яъне аз хизматрасонии молиявӣ-техникӣ дар ин ё он шакл 75% сокинони мамлакат истифода мебаранд. Ин маънои онро дорад, ки сифати интернет баланд аст. Натиҷаи хеле хуб.

Агар рейтингҳои суръатҳои интернети мобилиро ба назар гирем, пас Тоҷикистон низ мунтазам мақоми худро дар ин самт беҳтар менамояд. Ин ҷо метавон таҳқиқоти Speedtest Global Index-ро барои соли 2022, вақте ҷумҳурӣ якбора се зина боло рафта буд, ба ёд овард. Ин хеле мушкил аст, зеро барои тағйирдиҳии мақомҳо инфрасохтори алоқа ва аллакай чун натиҷа суръати дастрасӣ бояд дар миқёси тамоми ҷумҳурӣ такмил ёфта бошад.

Лекин чаро бо вуҷуди кӯшишҳои пайвастаи доимӣ ва мунтазами операторони алоқаи мобилӣ, провайдерони ноқилӣ ва ташкилоти соҳавии давлатӣ ба Тоҷикистон муяссар намешавад, ки ба пешрафти назарраси рақамӣ ноил гардад – оё гап танҳо сари кӯҳҳо аст?

Чӣ  дар пеш аст?

Се самти муҳимтарине мавҷуд аст, ки ба онҳо бояд диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шавад: инфрасохтор, кадрҳо ва саводнокии рақамии аҳолӣ.

Бо вуҷуди васеъмиқёс будани корҳои сохтмонии солҳои гузашта ширкатҳои телекоммуникатсионӣ бисёр таҷҳизоти қаблан ба кор даровардаро истифода мебаранд, ки онҳо ба вазифаҳои нав мутобиқ нестанд. Масалан, ҳазорҳо пойгоҳҳои базавии стандартҳои 2G ва 3G. Ҳарчанд операторон ҳаракат мекунанд, ки онҳоро мувофиқи дархостҳои афзоишёбандаи истифодабарандагони интернет нав намоянд, лекин ивазкунии таҷҳизоти кӯҳна ба замонавӣ чораи ба маротиб дурусттар мебошад. Пойгоҳҳои базавии наслҳои нав бо қобилияти васеи гузариш фарқ карда, имкон медиҳанд, ки интернет бо суръатҳои баландтарин истифода карда шавад. Агар ба ин масъала аз тарафи дигар назар кунем, навкунии пурра миллиард сармоягузориро талаб мекунад. Бинобар ин гоҳ-гоҳ зарур меояд, ки нархҳои алоқаи мобилӣ ҳадди ақалл як маротиба дар ду-се сол мавриди индексатсия қарор дода шаванд.

На танҳо пойгоҳҳои базавӣ бояд нав карда шаванд. Самоягузориҳоро инчунин мебояд ба бунёди DATA-марказҳои нав равона сохт, ин иқдом ба нақшаҳои ҳукумат барои табдил додани Тоҷикистон ба digital-хаби байналмилалӣ мувофиқ хоҳад буд. Гузаронидани хатҳои нахӣ-нурии магистралӣ, ки тариқи онҳо трафик интиқол меёбад ва инчунин муосиркунонии ҷузъҳои асосии шабака низ бояд мавриди сармоягузорӣ қарор дода шаванд.

Ҳоло ширкатҳои телекоммуникатсионӣ бо назардошти ҳолати «шахшавии» сесолаи тарофаҳо чунин лоиҳаҳоро дар реҷаи сарфаи шадид амалӣ менамоянд. Лекин аёну равшан аст, ки барои беҳтар намудани шароити тамоми аҳолӣ дар ҳама ҷою макон маблағи хеле зиёд зарур меояд.

Кадрҳо барои иқтисоди рақамӣ низ барои Тоҷикистон як мушкилии алоҳида мебошанд. Аммо ин мушкилӣ дар давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ низ ба мушоҳида мерасад, ҳамаи онҳо танҳо чанде пеш ба тартибдиҳии рӯйхати IT-мутахассисон шуруъ кардаанд. Натиҷаҳо ҳам аллакай ҳастанд: масалан, замимаи аз ҳама зиёд боргиришаванда ва серимконияти Ҷумҳурии Тоҷикистон – моли маҳаллӣ аст. Лекин дар маҷмуъ, талабот ба кадрҳо чун пешина баланд боқӣ мемонад. Омодакунии онҳо  вақту маблағи зиёд тақозо мекунад.

Гуфтан зарур аст, ки сокинони ҷумҳурӣ, аз ҷумла соҳибкорон ҳоло дар бораи имконияти «рақам» маълумоти кофӣ надоранд. Бале, 75 фоизи аҳолӣ ҳамёнҳои мобилиро истифода мебаранд – лекин дар баробари ин даҳҳо хизматрасониҳои дигари мувофиқ барои ҳаёт ва тиҷорат мавҷуд мебошанд, ки дар бораи онҳо танҳо 20 фоизи  шаҳрвандони Тоҷикистон маълумот доранду халос. Ин дар ҳоле аст, ки хизматрасонии мазкур ҳар ҷое, ки интернети босуръати мобилӣ мавҷуд аст, дастрас мебошанд.

Хуллас: бояд сармоягузориҳо ба шабака, аз ҷумла аз ҳисоби индексатсияи тарофаҳо афзоиш дода шуда, дар байни аҳолӣ корҳои омӯзишӣ пеш бурда шаванд. Маҳз ҳамон вақт метавон воридшавии пурраро ба олами рақамӣ умед кард. Агар хоҳони ҳаёти беҳтар ва ифтихор аз мамлакати худ бошем, мо бояд ҳатман ин корро анҷом диҳем.

АКС: ширкати  МегаФон Тоҷикистон

Апрель 18, 2024 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони даври аввали озмун қадрдонӣ шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ». Он имрӯз ба шаҳри Бохтар расид
Пагоҳ дар ноҳияи Восеъ мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Бар асари бориши зиёд ва фурӯравии замин роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг баста шуд
Завқӣ Завқизода аз Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маблағгузориро афзоиш диҳад
Дар ноҳияи Варзоб вобаста ба ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ вохӯрӣ доир шуд
Панҷ нафар бар асари тӯфон дар ҷануби Чин ба ҳалокат расиданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф дар назар аст
19 кӯдак дар натиҷаи хуруҷи эҳтимолии бемории сурхакон дар шимолу шарқи Нигерия ҳалок шуданд