Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов натиҷаи бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубиро шарҳ дод. Вохӯрӣ байни ин дастаҳои мунтахаб 18 апрел дар шаҳри Бангкок баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов, аз ҷумла гуфт, ки «ғалаба дар бозии якум бисёр муҳим аст. Вақте чунин мусобиқаи бузург, ба мисли Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз мекунӣ, ин ба бозингарон боварӣ мебахшад. Мо дар бозӣ аввал хеле рақобати душвор гузарондем. Дастаи мунтахаби футзали Кореяи Ҷанубӣ рақиби хуб аст, аммо чизи асосӣ- ин натиҷа аст. Мо ба хатоиҳо роҳ додем, вале кӯшиш мекунем, ки дар вохӯриҳои минбаъда онро такрор накунем. Шодам, ки футзалбозони бомаҳорати мо дар вохӯрии аввал дар ҳимоя хуб бозӣ намуда, ба дарвозаамон гол сар надоданд».
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври дуюм- 20 апрел бо дастаи мунтахаби Қирғизистон бозӣ мекунад. Вохӯрии дастаҳо дар маҷмааи варзишии «Бангкок Арена» доир мешавад. Оғози рақобат ба вақти Душанбе соати 12:00 аст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






