Петер Пеллегрини расман ғолиби интихоботи президентӣ дар Словакия эълон гардид
ДУШАНБЕ, 08.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси кунунии Шурои миллии Словакия Петер Пеллегрини рӯзи якшанбе расман ғолиби интихоботи президентӣ дар кишвар эълон гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа».
Комиссияи давлатии интихоботи Словакия дар нишасти матбуотӣ эълон намуд, ки Петер Пеллегрини рӯзи шанбе дар даври дуюми интихоботи президентӣ 53,12% овоз ва собиқ Вазири корҳои хориҷӣ Иван Корчок 46,87% овозҳоро ба даст оварданд.
Петер Пеллегринии 48-сола аз соли 2018 то 2020 вазифаи сарвазири Словакияро бар дӯш дошт. Иван Корчок аз соли 2020 то 2022 ҳамчун вазири корҳои хориҷии ин давлат фаъолият намудааст.
Дар даври аввали интихобот 23 март, ки дар он нуҳ номзад иштирок намуд, И.Корчок 42,51% овоз ва П. Пеллегрини 37,02% овозҳоро ба даст оварданд.
Президенти Словакия тавассути интихоботи мустақим интихоб мегардад. Президенти амалкунанда Зузана Чапутова, ки мандати панҷсолаи президентии ӯ 15 июн ба охир мерасад, аз пешбарии номзадияш барои интихоби дубора даст кашид.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






