Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро, ки дар доираи силсиласафараш ба Осиёи Марказӣ нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
«Мо Британияи Кабирро ба ҳайси шарики муҳим дар Аврупои Ғарбӣ мешиносем. Давлати мо ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо Подшоҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд», — изҳор доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дэвид Кэмерон дар навбати худ аз густариши назарраси робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Британияи Кабир ва дурнамои хуби он изҳори қаноатмандӣ кард.
Ҷонибҳо зимни мулоқот муносибатҳои ду давлатро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ муҳокима намуданд.
Тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ низ аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буд.
Ҷалби сармояи Подшоҳӣ ба бахшҳои саноати кӯҳӣ, металлургӣ, сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва соҳаи кишоварзии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба рушди ҳамкорӣ дар самти тавлиди энергияи «сабз», гузариш ба иқтисоди «сабз» ва татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба пешбурди «иқтисоди рақамӣ» изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Роҳандозии ҳамкории давлатҳо дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим, муҳоҷирати корӣ, гуногунсозии хатсайрҳои ҳавопаймоӣ байни давлатҳо аз мавзуъҳои дигари мулоқоти имрӯза буд.
Дар мулоқот ҳамкории Тоҷикистон ва Подшоҳӣ дар самти ҳифзи амну субот дар минтақа низ баррасӣ гардид.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд






