Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Moody’s Investors Service» ва «De La Rue» масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Амалиёти бозорӣ ва муносибат бо сохторҳои тиҷоратӣ аз масъалаҳое буданд, ки дар меҳвари мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо намояндагони ширкати рейтингии байналмилалии «Moody’s Investors Service» дар Вашингтон баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Мусоҳибон инчунин оид ба устувории иқтисодиёти мамлакат дар баробари фишорҳои берунӣ ва пардохтпазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули андеша намуданд.
Ҳамзамон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкати бритонии «De La Rue» вохӯрд. Дар вохӯрӣ маҳсулот — хизматрасонии ин ширкати бритонӣ оид ба чопу нашри коғазҳои қиматнок, аз ҷумла банкнотаҳо, шиносномаҳо, ҳуҷҷатҳои дорои унсурҳои баланди ҳимоявӣ муаррифӣ гардид.
Фирдавс Толибзода инчунин дар ҳамоиш ва муколамаҳои Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI) вобаста ба маблағгузории «сабз» (PPD), пешбурди хизматрасонии молиявии рақамӣ (DFS) ва инфрасохтори фарогири рақамӣ иштирок намуд.
Иштирокдорони ҳамоиш доир ба мавзуъҳои «Маблағгузории фарогири сабз: аз банақшагирӣ то амалия», «Инноватсия дар инфрасохтори рақамӣ», «Ҳамкории бахши хусусӣ бо мақомоти давлатӣ ва танзимгарони молиявӣ вобаста ба бехатарӣ ва миқёси хизматрасонии инфрасохтори рақамӣ», «Омилҳои асосии муваффақият ва дурнамо барои таъмини устуворӣ ва таъминоти дарозмуддати захираҳои IDI» ва «Идоракунии IDI, хусусан аз нуқтаи назари шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ барои ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятӣ» ибрози назар ва табодули таҷриба намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд






