Раиси вилояти Хатлон бо ҷараёни парвариши картошка дар хоҷагии деҳқонии «Лолахон»-и ноҳияи Ёвон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 13.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷараёни парвариши картошка дар хоҷагии деҳқонии «Лолахон», воқеъ дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Хоҷагии деҳқонии «Лолахон» дорои 4 гектар замини корами обӣ буда, имсол дар майдони 0,60 гектар картошка, 2 гектар пахта, 0,50 гектар пиёз ва дигар намуди зироат кишт шудааст.
Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Лолахон» ба кори кишоварзон баҳои баланд дода, саҳмдоронро ба истифодаи боз ҳам пурсамари ҳар қитъа замин ҳидоят намуд. Гуфта шуд, ки нашъунамои хуби зироат бозгӯи заҳматҳои шабонарӯзаи деҳқонон ва муносибати оқилонаи онҳо ба замин мебошад.
Раиси вилоят бо хоҷагидор, раиси маҳалла ва сокинон суҳбат намуда, таъкид дошт, ки ба тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ дода, дар самти пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, инчунин ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва гулшинонию сабзкорӣ ташаббус нишон диҳанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






