Роҳбарияти раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Хатлон бо кормандони соҳаи маорифи минтақаи Кӯлоб мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 15.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 мулоқоти роҳбарияти раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва дигар шахсони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ бо намояндагони шуъбаҳои маориф ва директорони муассисаҳои таълимии минтақаи Кӯлоб баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ медиҳад.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешгирӣ аз ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз байн бурдани зуҳуроти манфии халалдоркунандаи тартиботу оромии ҷомеа ва амнияти миллӣ, решакан намудани ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ силсилатадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.
Аз ҷумла, зимни мулоқоти роҳбарияти раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва роҳбарони раёсати маорифи вилояти Хатлон бо мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳия ва директорони муассисаҳои таълимии минтақаи Кӯлоб таъкид карда шуд, ки риояи пурраи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» талаботи замон буда, нақши аҳли маориф дар татбиқи ин қонун муҳим мебошад.
Иттилоъ дода мешавад, ки мулоқот ба таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷавонон, пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ байни ҷавонон равона шудааст. Зимни мулоқот вобаста ба ташкили фазои ҳамдигарфаҳмии дуҷониба байни кормандони соҳаи маориф, милитсия ва аҳли ҷомеа, баррасии фаврии арзу дархост ва пешниҳоду муроҷиатҳои шаҳрвандон, тарбияи ҳуқуқии ҷавонону наврасон дар руҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои милливу таърихӣ, бартараф намудани камбудиҳо дар маҳал ва нигоҳдошти солимии ҷомеа фикру мулоҳизаҳо баён шуданд.
Дар мулоқот гуфта шуд, ки бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд лоиҳаи бузурги инвеститсионӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ ва инфрасохтори шаҳри Кӯлоб амалӣ мешаванд, ки ба боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии сокинон мусоидат менамоянд.
АКС: Рӯзномаи «Хатлон»








Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






