Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд

Апрель 26, 2024 16:21

ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар  ҷаласаи 78-уми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки 25-26 апрел дар Тошканд баргузор гардид, иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 25 апрел дар Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Узбекистон бо фаъолияти Маркази барасмиятдарории гумрукӣ ва Озмоишгоҳи марказии гумрукӣ шинос шуданд.

Озмоишгоҳи марказии гумрукии Узбекистон, ки соли 2021 мақоми Озмоишгоҳи минтақавии Созмони ҷаҳонии гумрукро гирифтааст, яке аз 10 озмоишгоҳи дорои чунин мақом дар ҷаҳон аст.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 26, 2024 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад