САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб

Апрель 28, 2024 08:47

ДУШАНБЕ, 28.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити кунунӣ зуҳуроти манфуру зишти терроризм ва экстремизм ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, сулҳу осудагӣ, амният ва рушди устувори давлатҳо таҳдид намуда, хавфу хатари ҷиддиро ба мустақилият ва асосҳои сохтори конститутсионии мамлакатҳои мухталифи ҷаҳон ба вуҷуд овардаанд. Ҳоло терроризм ва экстремизм на танҳо ба давлати алоҳида, балки ба тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, новобаста аз дараҷаи тараққиёт таҳдид мекунанд. Биноан, мамлакатҳоро зарур аст, ки дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини амният ва осоиши мардум, инчунин пешгирии амалҳои террористӣ ва экстремистӣ тадбирҳои заруриву таъхирнопазир андешанд.

— Барои гаравидани наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷинояткор, бахусус гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ сабабу омилҳои зерин боис мегарданд:

  1. Истифодаи ғайримақсаднок ва нодурусти интернет, хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ
  2. Бекорӣ
  3. Надоштани донишҳои ҳуқуқӣ
  4. Сатҳи пасти маърифатнокӣ
  5. Таълими ғайриқонунии динӣ

Барои маънидод намудани омилҳое, ки ба гаравидани наврасону ҷавонон ба гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ сабаб мешаванд, бояд дидгоҳу назари аз лиҳози илмӣ — амалӣ асоснок манзур намуд. Ҳамчунин дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби ҷаҳони кунунӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир мавзуи мавриди назар мубрам буда, таҳлили амиқро тақозо менамояд.

Интернет, алалхусус шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо ба паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, ба сафҳои худ ҷалб менамоянд. Барои ба доми фиреби онҳо наафтодан наврасону ҷавононро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва суду зиёни онҳоро донанд, аз интернет самаранок ва мақсаднок истифода бурда, донишҳои техникиву технологиашонро мукаммал созанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 23 апрели соли 2014 бо нигаронӣ изҳор доштанд, ки «имрӯз шабакаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла интернет аз ҷониби шахсон ва гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноятпеша бо мақсади ҷиноятҳои киберӣ, яъне барои паҳн намудани ғояҳои ифротгароёнаву тундравона, бахусус дар байни ҷавонон ва ноболиғон ба таври васеъ истифода мегарданд».

Дар робита ба ин Роҳбари давлат ҳамаи мақомоти давлатиро вазифадор намуданд, ки дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷомеа, алалхусус дар байни наврасону ҷавонон, бо назардошти воқеияти имрӯза, аз ҷумла пешгирӣ кардани таъсири манфии ҷаҳонишавии фарҳангӣ ва дар ин раванд таъмин намудани амнияти иттилоотӣ тадбирҳои иловагиро амалӣ намоянд.

Бо мақсади пешгирии таҳдиду хатарҳои ҷаҳони имрӯза қонунгузории мамлакат мунтазам такмил дода мешавад ва дар ин самт ба қонунҳо «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 15 марти соли 2016 иловаҳои дахлдор ворид гардиданд.

Мутобиқи иловаҳое, ки ба моддаҳои 19 ва 20 Қонун «Дар бораи алоқаи барқӣ» ворид гардида буд, ба падару модарон ҳуқуқ дода шуд, ки аз операторон ва провайдерон оид ба истифодаи хизмати алоқаи барқӣ аз ҷониби фарзандашон маълумоти дахлдорро ба таври ройгон гиранд. Ҳамзамон операторон ва провайдерон вазифадор шудаанд, ки ба падару модарон маълумотро дар бораи истифодаи хизмати алоқаи барқӣ аз ҷониби фарзандашон ройгон пешниҳод кунанд. Чунин муқаррарот маҷмуан дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ», ки аз 22 июни соли 2023 дар таҳрири нав қабул гардид, пешбинӣ шудааст.

Тибқи иловаи ба моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» воридшуда, падару модарон уҳдадор гардиданд, ки аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода шудани интернетро назорат намоянд.

Инчунин ба Қонуни фавқуззикр аз 24 декабри соли 2022 тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардида, падару модар уҳдадор шудаанд, ки ба фарзанд тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ, террористӣ, тундгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, инчунин мутолиа ва паҳн кардани сабтҳои электронӣ (аз ҷумла тариқи телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти экстремистӣ, террористӣ, тундгароӣ ва ҷудоихоҳиро манъ намоянд.

Ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба ин қонунҳо дар вазъияти муташанниҷи авзои сиёсии ҷаҳон саривақтӣ ва зарур буда, барои тақвият бахшидани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии гаравидани наврасон ва ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон дар чорчӯбаи тақвияти мубориза бо киберэкстремизм дар сохторҳои Прокуратураи генералӣ ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ воҳидҳои (шуъбаҳои) мубориза бо ҷиноятҳои марбут ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ таъсис дода шудаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 23 декабри соли 2022 барои пешгирӣ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир мегарданд, зарур донистанд, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад. Дар натиҷа бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2023 дар назди сохтори марказии дастгоҳи Прокуратураи генералӣ сохтори нав – Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо таъсис дода шуд. Аксари воҳидҳои кории ин марказ аз дониши махсуси касбӣ-техникӣ бархурдор буда, имкон медиҳад, ки муқовимат ба экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо пурзӯр гардида, пешгирии онҳо таъмин карда шавад.

Мувофиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бекорӣ – зуҳуроти иҷтимоию иқтисодие, ки ба набудани талабот ба қисми муайяни қувваи корӣ дар бозори меҳнат вобастагӣ дорад.

Дар Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июни соли 2021 тасдиқ гардид, омадааст, ки баланд шудани сатҳи бекорӣ, аз ҷумла дар деҳот яке аз сабабҳои рӯ ба шаҳр овардани ҷавонони деҳот гардида, бинобар наёфтани ҷойи кор ва ҷойи муайяни зист минбаъд онҳо ба гурӯҳҳои ҷинояткор ҳамроҳ мегарданд. Дарвоқеъ, бекорӣ ва касбу ҳунар надоштани ҷавонон сабаби даст задани онҳо ба ҷиноят ва пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои ҷинояткор мешавад.

Президенти мамлакат дар паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади бо шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони бекор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани аҳолӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар вазорату идораҳо дастуру супоришҳои қатъӣ медиҳанд. Чунончи, Роҳбари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 23 декабри соли 2022 таъкид намуданд, ки «таъсис додани ҷойҳои корӣ ва фарогирии пурраи аҳолӣ бо шуғл вазифаи аввалиндараҷаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳар роҳбари сохтору мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон ба шумор меравад». Дар ин самт Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадор шуд, ки то соли 2026 бо истифода аз тамоми имконият дар бобати ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва саросар соҳибкасб гардондани аҳолӣ чораҷӯйӣ намояд.

Дар заминаи Паёми Президенти ҷумҳурӣ 21 декабри соли 2021 дар ҷумҳурӣ солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат эълон гардид, ки ин иқдом самараи хуб ба бор меорад. Тавре Роҳбари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2023 иброз намуданд: «Барои  амалисозии ин иқдом давоми ду соли охир дар ҷумҳурӣ беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи кор таъсис дода шудааст».

Ҳамчунин Пешвои миллат дар доираи сафарашон ба вилояти Суғд 9-11 апрели соли 2024 аз ҷумла чандин коргоҳу корхонаи нави истеҳсолиро ба истифода доданд ва садҳо нафар соҳиби ҷойи кор гардиданд, ки ба ин васила зиндагии ҳазорҳо нафар беҳтар мешавад. Дар маҷмуъ, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъсиси ҷойҳои нави корӣ идома дорад.

Воқеан, чунин иқдом муҳим ва саривақтӣ буда, шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон соҳиби ҷойи кор мегарданд, ки ин дар беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат, маҷмуан дар пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд.

Мутаассифона, шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ҳангоме, ки ба ин ё он ҷо ба кор мераванд ё азми рафтан мекунанд, бо сабаби паст будани музди меҳнат кор кардан намехоҳанд. Ҷавонон бояд сабр намуда, кор кунанд, таҷриба гиранд ва ба халқу Ватан содиқона хизмат намоянд. Зеро сол то сол андозаи музди меҳнат дар ҷумҳурӣ зиёд шуда истодааст. Дар замони истиқлолият беш аз 25 фармони Президенти мамлакат дар хусуси зиёд намудани маоши амалкунандаи кормандони соҳаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияҳо қабул шуданд. Минҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд шуда, аз 1 июл маоши амалкунандаи кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва андозаи стипендияҳо 40 фоиз, инчунин андозаи нафақаҳо 30 фоиз зиёд мешавад, ки ба баланд шудани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат менамоянд.

Дар замони муосир баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат амри зарурӣ ва тақозои замон аст, зеро яке аз сабабҳои дигари ба гурӯҳҳои ҷинояткор, алалхусус гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дохил гардидани ҷавонон-  ин надоштани донишҳои  ҳуқуқӣ  мебошад. Ҳангоме ки шахс аз меъёру муқаррароти Конститутсия ва қонунҳо воқиф нест ва дониши ҳуқуқӣ надорад, даст ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мезанад. Тавре дар моддаи 42 Конститутсияи ҷумҳурӣ омадааст: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад». Ба андешаи инҷониб:

Пеши қонун ҳарки сар хам кард,
Хештанро раҳо зи ҳар ғам кард. 

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, дар навбати аввал наврасон ва ҷавонон дар заминаи Паёми Президенти мамлакат 28 декабри соли 2023 дар ҷумҳурӣ соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид.

Барои таъмини заминаи ҳуқуқии ин иқдом фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023 қабул шуд, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, мебошад.

 Бархурдор набудани ҷавонон аз илму дониш сабаби пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мегардад. Ин гурӯҳҳо бештар ҷавононеро, ки илму савод надоранд, ба сафи худ ҷалб мекунанд. Барои фирефтаи чунин гурӯҳҳо нашудан ҷавонон бояд пайваста илму дониш омӯзанд ва донишашонро такмил диҳанд, зеро ҳар шахсе, ки соҳиби илму маърифат аст, гумроҳ намешавад, дар зиндагӣ саодатманд ва муваффақу соҳибэҳтиром мегардад. Танҳо илму дониш аст, ки шахсро аз ҳама бадиҳо эмин нигоҳ медорад. Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барҳақ фармудааст:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст. 

Сарвари давлат дар паёмҳо ба парламент масоили ташаккули маърифатнокии ҷомеа, махсусан наврасону ҷавононро ба миён гузошта, пайваста онҳоро ба илму донишандӯзӣ ва забономӯзӣ, донистану аз худ кардани техникаву технологияи навтарин, инчунин тақвияти ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ даъват менамоянд.

Ҳамин тавр, дар асоси паёмҳои Президенти ҷумхурӣ солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардида, ҳамзамон дар ҷумҳурӣ аз соли 2019 инҷониб ҳамасола озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мешаванд. Чунин иқдом заруру саривақтӣ буда, бахусус барои дарёфти наврасону ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд ва китобхону китобдӯст намудани онҳо, дар умум баланд гардидани сатҳи донишу маърифатнокии наврасон ва ҷавонон кумак менамоянд.

Сарвари давлат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат  9 марти имсол барҳақ изҳор доштанд, ки «… ояндаи Тоҷикистон маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад».

Таълими ғайриқонунии динӣ низ  яке аз омилҳои дигари дохилшавии наврасону ҷавонон ба гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ мебошад.

Бо мақсади пешгирӣ намудани таълими ғайриқонунии динӣ дар ҷумҳурӣ қонунгузории ҷумҳурӣ такмил дода шуда, дар ин самт ба кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардиданд. Тибқи тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ воридгардида, аз ҷумла дар моддаҳои 474, 4741, 4743 ва 4744 меъёрҳои ҷарима мутаносибан баланд бардошта шуда, моддаи 4742 бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои ба роҳ мондан ва гирифтани таълими ғайриқонунии динӣ дар таҳрири нав ифода гардид.

Ҳамчунин ба Кодекси ҷиноятӣ моддаи нав — 3341 (Ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ) ворид гардид, ки дар асоси он барои ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет, агар ин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад ва давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба ҳамин муҳлат ё бе он ҷазо дода мешавад.

Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат 9 март доир ба таълими ғайриқонунии динӣ дар мамлакат бо нигаронӣ иброз намуданд, ки «дар давраи аз соли 2020 то соли 2023 дар ҷумҳурӣ 680 ҳолати ба таълими ғайриқонунии динӣ фаро гирифтани 5000 нафар таълимгиранда ошкор карда шудааст. Танҳо соли 2023-юм 300 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва ҷалби беш аз 4100 нафар пешгирӣ карда шудааст, ки аз вусъати раванди мағзшуйии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон дарак медиҳад. Дар ин давра аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 520 нафар ходимони дин барои чунин қонуншиканиҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд».

Ҳамчунин Сарвари давлат дар идомаи суханронӣ махсус таъкид намуданд, ки таълими ғайриқонунии динӣ дар бисёр ҳолатҳо боиси дар шуури таълимгиранда ташаккул ёфтани фанатизми динӣ ва минбаъд даст задани ӯ ба амалҳои экстремистиву террористӣ мегардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари шахсони ба ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ дастзада дар даврони наврасӣ ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷалб гардидаанд ва аз таҳсил дар мактаби миёна дур мондаанд.

Зимнан, дар ҷумҳурӣ як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ қабулу тасдиқ гардидаанд, ки ҷиҳати бартараф намудани сабабу омилҳои гуногуни ба терроризм ва экстремизм мусоидаткунанда ва пешгириву муқовимат ба онҳо равона шудаанд. Аз ҷумла, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009,  қонунҳо «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020, «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз 23 декабри соли 2021, «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонӣ) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» аз 15 марти соли 2023,  инчунин фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм» аз 21 апрели соли 1997,  «Дар бораи Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)» аз 28  марти соли 2006, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016–2020 аз 12 ноябри соли 2016, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 аз 1 июни соли 2021 ва ғайра.

Ҳамин тавр, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд, ки барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти давлату ҷомеа, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими қонуният ва пойдории сулҳу оромии ҷумҳурӣ, инчунин пешгирии гаравидани шаҳрвандон, хусусан наврасону ҷавонон ба гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ равона гардидаанд.

Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,
мушовири калони кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 28, 2024 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

««ШОҲНОМА»- МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ ВА ПАРЧАМИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ. Андешаҳо оид ба таъсири «Шоҳнома» ба эҷодиёти Лоиқ Шералӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани сирпиёз масунияти баданро боло бурда, пиршавиро пешгирӣ менамояд
Фарҳангиёни Тоҷикистон бояд дар зеҳни ҷавонон тафаккури солими миллиро инкишоф дода, Ваҳдати миллиро таҳким бахшанд
МУАЛЛИМИ МАН
«МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Ин иншооти муҳташам ва сайёҳии шаҳри Душанбе аст, ки дили сокинону меҳмонони пойтахтро тасхир кардааст
7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон аст
Дар минтақаи Кӯлоб оид ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии хурофотпарастӣ ҷаласа доир гардид
АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
«Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
МАСИРИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ. Андешаҳои Абдураҳим Шоҳиён дар робита ба ин мавзуъ