САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба поягузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин академия хабар доданд.
Дар конференсия президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки воқеан устод Садриддин Айнӣ дар таърихи фарҳангу адаби муосири тоҷик бо осори гаронмояи адабию бадеӣ, мулоҳизоту афкори адабию эстетикӣ, ки саршор аз эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ ҳастанд, ҷойгоҳи махсус дорад.
Айнӣ, қабл аз ҳама, ҳамчун адиби ҳақиқатнигор дар ошкор сохтани камбуду нуқсонҳои иҷтимоӣ, ки заминаи мушкилоту печидагиҳои ҳаёти инсонӣ буданд, қадамҳои устувор гузоштааст.
Гуфта шуд, ки устод Айнӣ дар ташаккули шахсият ва симои нави халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ хизматҳои бебаҳо анҷом додааст. «Намунаи адабиёти тоҷик» тазкираи тақдирсози устод аст, ки бо ҳамин мақсад гирдоварӣ шуда, мавҷудияти халқи қадимӣ будани тоҷиконро собит менамояд. Муҳимтар аз ҳама, устод Айнӣ ба сифати равшанфикри замон ва адиби навовари воқеъбин дар ташхиси мушкилоти фикрӣ ва ақидагии замон саҳми муносиб гузошта, барои ҳалли мушкилоти фикрию зеҳнӣ миллату давлатро аз хурофотпарастӣ раҳонида, дар арсаи ҷаҳон қадимӣ будани миллати тоҷикро исбот намудааст.
Дар конференсия олимону ходимони илм бо маърузаҳои ҷолиб дар самти фаъолият ва осори устод Айни сухан гуфтанд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон










ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






