САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд

Апрель 24, 2024 10:22

ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба поягузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин академия хабар доданд.

Дар конференсия президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз  намуд, ки воқеан устод Садриддин Айнӣ дар таърихи фарҳангу адаби муосири тоҷик бо осори гаронмояи адабию бадеӣ, мулоҳизоту афкори адабию эстетикӣ, ки саршор аз эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ ҳастанд, ҷойгоҳи махсус дорад.

Айнӣ, қабл аз ҳама, ҳамчун адиби ҳақиқатнигор дар ошкор сохтани камбуду нуқсонҳои иҷтимоӣ, ки заминаи мушкилоту печидагиҳои ҳаёти инсонӣ буданд, қадамҳои устувор гузоштааст.

Гуфта шуд, ки устод Айнӣ дар ташаккули шахсият ва симои нави халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ хизматҳои бебаҳо анҷом додааст. «Намунаи адабиёти тоҷик» тазкираи тақдирсози устод аст, ки бо ҳамин мақсад гирдоварӣ шуда, мавҷудияти халқи қадимӣ будани тоҷиконро  собит менамояд. Муҳимтар аз ҳама, устод Айнӣ ба сифати равшанфикри замон ва адиби навовари воқеъбин дар ташхиси мушкилоти фикрӣ ва ақидагии замон саҳми муносиб гузошта, барои ҳалли мушкилоти фикрию зеҳнӣ миллату давлатро аз хурофотпарастӣ раҳонида, дар арсаи ҷаҳон қадимӣ будани миллати тоҷикро исбот намудааст.

Дар конференсия олимону ходимони илм бо маърузаҳои ҷолиб дар самти фаъолият ва осори устод Айни сухан гуфтанд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 24, 2024 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад