Сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектеновро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот маҷмуи масоили дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ шуд.
Аз ҷумла, ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории давлатҳоро дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, молиявию бонкӣ, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ муҳокима намуданд.
Инчунин имрӯз дар Душанбе мулоқоти сарвазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон Қоҳир Расулзода ва Олжас Бектенов баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо муҳимтарин масоили ҳамгироии дуҷонибаву бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри тақвият бахшидани робита ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






