Сайёҳон бештар ба тамошои ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд
ДУШАНБЕ, 21.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 18 апрел Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои зиёди таърихие ба мерос мондаанд, ки як қисми онҳо аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд. Ин ёдгориҳо диққати сайёҳонро бештар ба худ ҷалб менамоянд. Тибқи омори соҳаи сайёҳӣ, ба ҳолати 18 марти соли 2024 аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, 260 153 нафар ба ҳайси сайёҳ, аз ҷумла аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 243 215 нафар, хориҷи дур 16 938 нафар сайёҳ ворид гардидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар асоси маълумоти пешниҳодгардидаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати 2 феврали соли 2024 дар маҷмуъ 311 субъекти хизматрасони сайёҳӣ фаъолият менамоянд. Ба инҳо 190 меҳмонхона, 39 хостел ва мотел, 52 осоишгоҳ, 5 осоишгоҳи кӯдакона ва лагери солимгардонӣ, 8 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг, 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ дохил мешаванд.
Барои амалӣ намудани барномаҳои ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик, ки барои солҳои гуногун аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Вазорати фарҳанг ва дигар муассисаву идораҳои дахлдор барномаҳои махсуси корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ таҳия намудаанд. Дар натиҷа дар ин самт корҳои зиёд анҷом дода шуда, якчанд ёдгории муҳими таърихӣ таъмиру тармим гардид. Ҳоло 10 ёдгории дигар дар ҳолати барқароркунӣ ва тармим қарор дорад.
Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар паёмҳо ва суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангиамонро бояд ҳифзу эҳё кунем, омӯзем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Маҳз бо дастури Пешвои миллат аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонуну қарор, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастурамал қабул гардид. Аз ҷумла, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» ва «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» қабул гардид. Ҳамзамон барои идома додани ин барнома боз Барномаи нави ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025 ба тасвиб расид.
Ҳамроҳ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти давлатҳои Конвенсияи Гаага ва моҳи ноябри соли 1993 дар ҳудуди Осиёи Миёна яке аз аввалинҳо шуда, ба ЮНЕСКО аъзо шудани Тоҷикистон нуфузу эътибори ҷумҳурии моро на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон низ хеле баланд намуд.
Аллакай ба ҷаҳониён исбот гаштааст, ки шаҳрҳои бостонии Саразм, Ҳисор, Кӯлоб, Хуҷанд, ёдгориҳои меъмории Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Мақбараи Муҳаммад Башоро, Мақбараи Хоҷа Нақшрон, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, бозёфти қадимтарин навиштаҷоти ирфонӣ бо забони ноби тоҷикӣ, инчунин девормусаввараҳо, гаҷкориҳо бо тасвирҳои набототӣ, ҳандасӣ ва зооморфӣ аз шаҳри асримиёнагии Ҳулбук, девормусаввараҳои Панҷакенти қадим ва шаҳри Бунҷикат, муҷассамаи Буддо аз ёдгории бостонии Аҷинатеппа, Қалъаи Ямчун, Маъбади Зонг, ёдгории меъмории Карон, бозёфти «Хазинаи Амударё» аз ҳудуди шаҳраки эллинистии Тахти Сангин ва ғайра, ки қатрае аз баҳри сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебошанд, ҳамчун сарвати нодири мероси фарҳанги ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд.
Зимнан бояд гуфт, ки дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзу нигоҳдошти мероси моддӣ 17 санади меъёрӣ ва ҳуқуқӣ қабул гардидааст.
Инчунин эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон мусоидати комил менамояд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Брюссел ҳамкории Тоҷикистон ва Белгия дар соҳаи андоз баррасӣ гардид
Мудири кулли ФАО: «Дар самти истифодаи самараноки захираҳои табиии обу замин бояд оқилона муносибат кард»
Дар Конфронси ФАО дар Душанбе тағйирёбии иқлим, аз байн рафтани гуногунии биологӣ ва вайроншавии замин баррасӣ шуд
Иқтидори кишоварзию саноатии Тоҷикистон дар «Dushanbe EXPO Centre» ба маърази тамошо гузошта шуд
Жанна Исина: «Баргузории конфронси сатҳи баланд дар Душанбе мавқеи байналмилалии Тоҷикистонро тақвият медиҳад»
Дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ ҷаласаи канорӣ оид ба татбиқи ҳуҷҷати «равиши ягонаи саломатӣ» баргузор шуд
Мудири кулли ФАО Тсюй Дунъюй: «Ба Президенти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронси 35-уми минтақавии СММ изҳори миннатдорӣ менамоям»
Беш аз 8 миллиард доллар сармоягузорӣ: натиҷаҳои мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ширкатҳои Чин дар Пекин
Дар Душанбе модели ҳамкории минтақавӣ ва табодули дониш баррасӣ гардид
Тсюй Дунъюй ба муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимию иқтисодӣ даъват намуд
Агаси Арутюнян: «Конфронси 35-уми минтақавии ФАО барои муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон ва иқтидори кишоварзии он имконияти васеъ фароҳам меорад»
Байни ширкатҳои Тоҷикистону Чин 28 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 647 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид






