«САЛОМАТИИ МАН-ҲУҚУҚИ МАН». Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ сокинони Тоҷикистон аз муоинаи ройгони тиббӣ мегузаранд
ДУШАНБЕ, 05.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ (7 апрел) пагоҳ аз соати 07:00 то соати 12:00 дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бо иштироки мутахассисони соҳаи тиб ташхис ва муоинаи ройгони шаҳрвандон гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар доираи чорабинӣ баҳри пешгирии беморшавӣ дар байни аҳолӣ мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб ба шаҳрвандон машварат, муоина ва дигар чорабиниҳои ташхисиро ба таври ройгон мегузаронанд.
Ҳамзамон аз ҷониби устодони муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ суҳбат ва машваратҳои тахассусӣ баргузор мешаванд.
Чунин маъракаҳои солимгардонӣ ҳамзамон дар дигар муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ баргузор мегарданд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шаҳрвандони мамлакатро даъват менамояд, ки дар ин чорабинӣ иштирок намуда, аз имконият ва шароити мусоид истифода бурда, вазъи саломатиашонро боз ҳам беҳтар намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ ҳамасола бо шиорҳои гуногун эълон гардида, имсол он таҳти шиори «Саломатии ман-ҳуқуқи ман» баргузор мешавад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст






