Самтҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ ва ҷустуҷӯи геологӣ муҳокима шуданд
ДУШАНБЕ, 02.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Исоҷон Қурбонзода дар ҳамоише, ки дар мавзуи «Технологияҳои навин ва пешрафтаи ширкатҳои истихроҷкунандаи металлҳои қиматбаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» дар Амрико доир гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷараёни ҳамоиш ҳайати Тоҷикистон бо бузургтарин озмоишгоҳи ташхиси маъданҳои кӯҳӣ-геологии «HAZEN», ки ба бахши истихроҷи маъданҳои Амрико хизмат мерасонад ва аз муассисаҳои асосии Хадамоти геологии Амрико (USGS), Маркази илмии геология, геофизика ва геохимия, Институти кӯҳкории Колорадо шинос гардид. Дар доираи ёддоштҳои тафоҳуми байни ҳайати Тоҷикистон ва ширкатҳои соҳаи маъдани Амрико баимзорасида дар оянда таҷрибаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.
Дар ҳошияи ҳамоиш мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо менеҷменти Фонди сармоягузории «Resource Capital Funds», муовини ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кимберли Ҳаррингтон баргузор гардид.
Зимни он самтҳои ҳамкорӣ ва маблағгузорӣ дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ, ҷустуҷӯи геологӣ, рушди соҳаҳои афзалиятноки саноати Тоҷикистон ва амалигардонии лоиҳаҳои муштарак баррасӣ гардиданд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон









Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






