ШАҲРИ ДУШАНБЕ – АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ. Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 16.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Шаҳри Душанбе – аз дирӯз то имрӯз»- таҳти чунин унвон имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ оғоз гардид. Намоиши мазкур то 25 апрел идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.
Намоиши ҷашнӣ бо ибтикори Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил гардида, дар ифтитоҳи он мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, масъулини Вазорати фарҳанг, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва кормандони Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд.
Дар намоиш ҳозирин иброз доштанд, ки шаҳри Душанбе аз қадимулайём макони зисти мардуми ориёнажод маҳсуб шуда, ҳанӯз 5-6 ҳазор сол қабл аз ин инсоният ин сарзамини зебоманзарро қароргоҳ ё ҷои истиқомат қарор дода буд.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ 110 ашёи осорхонавӣ, аз қабили бозёфтҳои бостоншиносӣ, сиккаҳо, мусаввараҳо, аксҳои таърихии шаҳри Душанбе, лоиҳаву амсилаи биноҳои навбунёди шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шудаанд, ки онҳо таърихи куҳан ва пурифтихори шаҳри Душанберо дар масири таърих инъикос менамоянд.
Аз ҷониби ҳунармандони Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барномаи ҷолиби консертӣ, ки тараннумгари пешрафт, манзараҳои зебои пойтахт ва симои муосири он буд, пешкаши иштирокдорон гардид.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






