ШАҲРИ ДУШАНБЕ – АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ. Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт

Апрель 16, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 16.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Шаҳри Душанбеаз дирӯз то имрӯз»- таҳти чунин унвон имрӯз бахшида ба Рӯзи  пойтахт дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ оғоз гардид. Намоиши мазкур  то 25 апрел идома меёбад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр кардани  кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Намоиши ҷашнӣ бо ибтикори Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил гардида, дар ифтитоҳи он мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, масъулини Вазорати фарҳанг, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва кормандони Осорхонаи миллӣ  иштирок намуданд.

Дар намоиш ҳозирин иброз доштанд, ки шаҳри Душанбе аз қадимулайём макони зисти мардуми ориёнажод маҳсуб шуда, ҳанӯз 5-6 ҳазор сол қабл аз ин инсоният ин сарзамини зебоманзарро қароргоҳ ё ҷои истиқомат қарор дода буд.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ 110 ашёи осорхонавӣ, аз қабили бозёфтҳои бостоншиносӣ, сиккаҳо, мусаввараҳо, аксҳои таърихии шаҳри Душанбе, лоиҳаву амсилаи биноҳои навбунёди шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шудаанд, ки онҳо таърихи куҳан ва пурифтихори шаҳри Душанберо дар масири таърих инъикос менамоянд.

Аз ҷониби ҳунармандони Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барномаи ҷолиби консертӣ, ки  тараннумгари пешрафт, манзараҳои зебои пойтахт ва симои муосири он буд, пешкаши иштирокдорон гардид.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Апрель 16, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Имсол зиёда аз 120 ҳазор нафар дар осорхонаҳои ҷумҳурӣ бо мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик шинос шуданд
Соли равон зиёда аз 5000 сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нахустин маротиба Фестивали либосҳои миллиро баргузор менамояд
Шоҳрух Юнусов аз Тоҷикистон дар консерти ҷамъбастии солистони Академияи байналмилалии операи назди Театри «Остона Опера» ҳунарнамоӣ кард
Дар Москва бахшида ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино ҳамоиш доир мешавад
Дар Душанбе маҳфили адабӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло баргузор шуд
Теъдоди довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сол то сол меафзояд
Дар Тоҷикистон 66 Қасри фарҳанг барои баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ фаъолият дорад
«Телевизиони Сафина» соли 2024 силсилабарномаҳои «Достон» ва «Шоҳномахонӣ»-ро пешниҳоди бинандагон мегардонад
Кумитаи телевизион ва радио: «Имсол аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ 163 суруду оҳанг сабт гардид»
Корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматӣ барои кормандони Кумитаи телевизион ва радио оғоз шудааст