Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Мо, шарикони иқтисодӣ ва ҳамсояҳои нек аз пешрафту дастовардҳои Тоҷикистони ҳамсоя самимона шод ҳастем. Дар ҳама ҳолат мо дар паҳлуи шумо ҳастем ва ин воқеияти бебаҳс аст, ки мо ҳамеша бо шумоем»,- иброз намуд Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев 18 апрел зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар идома ӯ тазаккур дод, ки мардумони бародари тоҷику узбекро риштаи мустаҳками дӯстии бисёрасра, таърих, урфу одат ва фарҳангу маънавиёти муштарак бо ҳам мепайванданд.
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ҳамчунин гуфт, ки «дар робита ба ин мехоҳам бори дигар иброз намоям, ки Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад».
Сарвари давлати ҳамсоя ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки ба имзо расидани шумораи зиёди санадҳои нави ҳамкорӣ, бахусус Аҳдномаи ҳампаймонӣ байни ду давлати ҳамсоя барои густариши бесобиқаи робитаҳо роҳи васеъ боз менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






