Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»

Апрель 19, 2024 11:45

ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Мо, шарикони иқтисодӣ ва ҳамсояҳои нек аз пешрафту дастовардҳои Тоҷикистони ҳамсоя самимона шод ҳастем. Дар ҳама ҳолат мо дар паҳлуи шумо ҳастем ва ин воқеияти бебаҳс аст, ки мо ҳамеша бо шумоем»,- иброз намуд Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев 18 апрел зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар идома ӯ тазаккур дод, ки мардумони бародари тоҷику узбекро риштаи мустаҳками дӯстии бисёрасра, таърих, урфу одат ва фарҳангу маънавиёти муштарак бо ҳам мепайванданд.

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ҳамчунин гуфт, ки «дар робита ба ин мехоҳам бори дигар иброз намоям, ки Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад».

Сарвари давлати ҳамсоя ба натиҷаҳои мулоқоту  музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки ба имзо расидани шумораи зиёди санадҳои нави ҳамкорӣ, бахусус Аҳдномаи ҳампаймонӣ байни ду давлати ҳамсоя барои густариши бесобиқаи робитаҳо роҳи васеъ боз менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Апрель 19, 2024 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад