«Ширкати сармоягузории Озарбойҷон» бо «ТАЛКО» ҳамкорӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 27.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо директори иҷроияи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати сармоягузории Озарбойҷон» Улвӣ Мансуров мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ дурнамои густариши ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаи саноат, бахусус тақвияти равобити мустақим бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи /ҶСК/ «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) ва имкониятҳои сармоягузорӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт. Ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд






