Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид

Апрель 26, 2024 09:16

ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел дар Пленуми 4-уми ғайринавбатии Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ходими давлатӣ ва сиёсии Тоҷикистон, собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба вазифаи Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе хабар доданд.

Бояд гуфт, ки Шукурҷон Зуҳуров аз ҷумлаи шахсиятҳое мебошад, ки  дар мактаби роҳбарии Пешвои муаззами миллат маҳорати роҳбариро сайқал дода, аз сабақҳои ин мактаби бузурги давлатдорӣ баҳраи зарурӣ бардоштааст. Чун пайрави содиқи Пешвои миллат дар ҳар мақому сохторе, ки фаъолият кардааст, доим кӯшиш намудааст, ки вазифаашро сидқан ва самимона иҷро намояд. Ҳамин аст, ки дар ҷомеа соҳиби нуфузу обрӯйи хос гаштааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро барои хизматҳои шоён бо орденҳои «Зарринтоҷ», «Дӯстӣ», «Шараф», Ифтихорномаи Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ намудааст.

Инчунин дар пленум масъалаҳои ташкил ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни  Ғалаба ва самтҳои фаъолияти Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 26, 2024 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд