Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи аввали соли 2024 дар шаҳри Душанбе 1970 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардида, шумораи умумии аъзои ҳизб дар пойтахт ба 84 499 нафар расид. Ин омор дар маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ки 25 апрел баргузор гардид, садо дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар маҷлис масъалаҳои ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда, ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини мамлакат 9 марти соли 2024 дода шуданд ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Таъкид гардид, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳри Душанбе давоми семоҳаи якуми соли 2024 дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ фаъолият намуда, дар ин самт якчанд тадбири муайяну муҳимро ба иҷро расониданд.
«Ҳоло дар ҳудуди шаҳри Душанбе 84 499 нафар дар 1007 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият дошта, дар ин давра 14 ташкилоти ҳизбӣ таъсис дода шуд», — гуфта шуд дар маҷлис.
Иттилоъ дода шуд, ки дар семоҳаи аввали соли 2024 бо ҷалби аъзои фаъолу ҷонибдорони ҳизб, кумитаву ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, вакилону сокинон ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» 8393 ҳашару шанбегии оммавӣ баргузор гардида, зимни онҳо 21 665 дарахту ниҳол ва 32 480 гули ороишии мавсимӣ шинонида шуд.
Дар фарҷом бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз рўйи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






