Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд

Апрель 13, 2024 11:10

ДУШАНБЕ, 13.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел дар шаҳри Минск мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар аснои суҳбат Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки амалҳои террористӣ новобаста аз ҳадафҳои худ наметавонанд ва набояд ба ягон миллату қавме нисбат дода шаванд.

Тазаккур дода шуд, ки сиёсатмадорону ходимони ҷамъиятӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Русия ва Тоҷикистон уҳдадор ҳастанд, ки нисбат ба ин масъалаҳо рӯйкарди бомасъулиятона дошта бошанд.

Сергей Лавров бо ибрози ҳусни тафоҳум ба мавқеи Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки ин ақидаҳоро ҷонибдор аст.

Вазири корҳои хориҷии Русия омодагии кишварашро барои такмили минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар самти муҳоҷират ва дигар бахшҳо изҳор дошт.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 13, 2024 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Теҳрон Намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири рушду шукуфоӣ» ифтитоҳ гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
Дар Боку бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Лондон бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Теҳрон китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ба хатти форсӣ ба чоп расид
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар қолаби ҳамкории бисёрҷониба баррасӣ гардид
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон барои солҳои 2027-2030 қабул шуд
Дар Олмон зарфияти иқтисодию сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Теҳрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд