СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
ДУШАНБЕ, 23.04.2024 / АМИТ Ховар/. Тақрибан 800 ҳазор нафар дар шаҳри Ал — Фашири Судон дар зери «хатари фавқулода» қарор доранд, зеро таҳдид ва зӯроварӣ авҷ гирифта, он «дар тамоми Дарфур хатари муборизаи хунини байниҷамъиятиро ба бор меорад». Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба намояндагони Созмони Милали Муттаҳид дар Шурои амният хабар додааст.
Як сол қабл дар Судон байни Артиши Судон ва Неруҳои амалиёти фаврӣ ҷанг сар зад ва бузургтарин буҳрони оворашавӣ дар ҷаҳонро ба вуҷуд овард.
Созмони Милали Муттаҳид изҳор намуд, ки тақрибан 25 миллион нафар ё нисфи аҳолии Судон ба кумак ниёз дошта, тақрибан 8 миллион нафар хонаҳояшонро тарк кардаанд.
Донорҳо ваъда додаанд, ки барои Судон беш аз 2 миллиард доллар ҷудо менамоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






