СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. «ТАЛКО» таҷассуми ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон аст

Апрель 17, 2024 09:11

ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гардиши савдои хориҷии Ҷамъияти саҳомии кушодаи /ҶСК/ «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) соли 2023 беш аз 244 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки 113,7 миллион доллар ба воридот ва 130,6 миллион доллар ба содирот рост меояд. Ин омор дар семоҳаи аввали соли равон ба 69 миллион доллари амрикоӣ баробар гардида, 31 миллион доллари он ба воридот ва 38 миллион доллар ба содирот мансуб аст. Дар ин хусус ба намояндагони воситаҳои ахбори омма директори ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» оид ба иқтисод ва ҳайати кормандон Павел ДИК иттилоъ дод.

Шиносоӣ бо «ТАЛКО» дар доираи Солҳои рушди саноат

Шиносоии намояндагони расонаҳои хабарии ватанию хориҷӣ аз ин коргоҳи бузурги саноатии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -саноатикунонии босуръати мамлакат бо ибтикори «ТАЛКО» ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ амалӣ гардид. Ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки бо фаъолияти ҶСК «Алюминийи Тоҷик» аз наздик шинос шаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» фаъолияташро бо мақсади иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2023 ва семоҳаи аввали соли 2024 бо мақсади барқарорсозии иқтидори истеҳсолӣ, таҷдиди фондҳои асосӣ, азнавтаҷҳизонӣ, тармиму навсозии таҷҳизоти амалкунанда, яъне электролизёрҳо, инчунин беҳтар гардонидани раванди технологӣ ба роҳ мондааст.

Дар коргоҳи рехтагарӣ беш аз 200 нафар фаъолият менамояд

Намояндагони расонаҳои хабарӣ бо фаъолияти коргоҳи рехтагарии ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» шинос гардиданд.

Бино ба иттилои сардори коргоҳи рехтагарии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» Шодибек Хушов, коргоҳи рехтагарӣ аз ду шуъба иборат буда, дар он сабиқаи хурди алюминий, сабиқаҳои силиндршакл, тиршакл, сими алюминий, варақаҳои алюминий, дастаҳои алюминий истеҳсол мегарданд. Дар коргоҳи рехтагарӣ 200 коргару мутахассис фаъолият дошта, дар он филизи алюминий дар шакли моеъ дар қолабҳои махсус рехта ва қолабрезӣ шуда, маҳсулот истеҳсол мегардад.

Сардори коргоҳи рехтагарӣ гуфт, ки дар коргоҳи рехтагарӣ навъҳои гуногуни алюминий, аз ҷумла навъи алюминийи А7, А5, А5Е ва навъи А0 истеҳсол карда мешаванд. Баъди истеҳсол маҳсулоти алюминий ба анбори маҳсулоти тайёр супорида мешавад ва барои содирот ба дохил ва хориҷи мамлакат тавассути мошинҳо ва нақлиёти роҳи оҳан интиқол меёбад.

Гуфта шуд, ки сифати маҳсулоти дар коргоҳи рехтагарӣ истеҳсолгардида, хусусан алюминийи навъи А7 дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир мебошад. Маҳсулоти ин коргоҳ ҳамзамон дар дохили мамлакат коркард шуда, инчунин ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ба Русия, Узбекистон ва Туркия содирот мегардад.

Соли 2023 ба андозаи 100 фоиз алюминийи баландсифат истеҳсол шудааст

Ба иттилои директори ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» оид ба иқтисод ва ҳайати кормандон Павел ДИК, барои пурра барқарор намудани сифати алюминийи аввалия ва зиёд намудани маҳсулоти электролизёрҳои амалкунанда дар доираи эълон гардидани Панҷсолаи рушди саноат дар мамлакат роҳбарияти ширкат тадбирҳои мушаххас меандешад. Ин аст, ки охири соли 2023 ва аввали апрели имсол вазъи истеҳсолоти электролиз босубот арзёбӣ мегардад.

Гуфта шуд, ки соли 2023 77 элетролизёр ба маблағи беш аз 105,0 миллион сомонӣ ба кор андохта шуда, инчунин барои ба кор андохтани 25 электролизёр мавод харида шудааст. Маҳсулнокии миёнаи элетролизёри алоҳида аз 975 кг то ба 1034 кг афзоиш ёфта, ҳамчунин сифати алюминийи истеҳсолшаванда беҳ шудааст. Агар соли 2022 асосан алюминийи навъи АВ97 (97%А1) истеҳсол шуда бошад, пас дар семоҳаи чоруми соли 2023 ба андозаи 100 фоиз алюминийи баландсифати навъҳои А7, А5 ва А0 истеҳсол шудааст.

Имсол 96 электролизёр таҷдид мешавад

Ба нақша гирифта шудааст, ки имсол 96 электролизёр ба маблағи 146,2 миллион сомонӣ таҷдид ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Теъдоди умумии электролизёрҳои амалкунанда охири моҳи марти соли равон 211 ададро ташкил дод ва дар се моҳи имсол дар ширкат 19 электролизёр ба кор андохта шуд. «Истеҳсоли алюминийи аввалия дар семоҳаи якуми соли равон 19 731,75 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба семоҳаи соли гузашта 4235,8 тонна ё 127,3 фоиз зиёд мебошад. ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба нақша гирифтааст, ки то охири соли 2024 ҳаҷми истеҳсолро беш аз 25 фоиз афзоиш диҳад.

Тибқи нақшаи стратегии «ТАЛКО» барои соли 2024 бо назардошти ба кор андохтани электролизёрҳои нав истеҳсоли алюминийи аввалияро то охири соли равон беш аз 84 ҳазор тонна, яъне камаш 25 фоиз нисбат ба соли 2023 афзоиш диҳад. Ширкат барои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаи ба содирот нигаронида, ки дар бозорҳои дохилию минтақавӣ ва ҷаҳонӣ рақобатнок бошад, самаранок фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли онро тадриҷан зиёд менамояд.

«ТАЛКО» ҳамкориро бо корхонаҳои саноатии ватанӣ таҳким мебахшад

Бо дахли ҳамкории ширкат бо корхонаҳои саноатии ватанӣ директори ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» оид ба иқтисод ва ҳайати кормандон афзуд, ки ширкат ҳамкории густурдаро бо корхонаҳои саноатии ватанӣ тақвият дода, соли 2024 бо супориши Ҳукумати мамлакат ҶММ «Ноқили ТАЛКО», ҶСП «Ноқили Турсунзода», ҶММ «КМТТ ТАҶПРОФ», ҶММ «Алюпроф» ва дигар истеъмолгарони дохилиро бо 2 883,5 тонна алюминий ба маблағи 70,4 миллион сомонӣ таъмин намуд. Инчунин маҳсулоти ин корхонаҳо ба хориҷи мамлакат ба Узбекистон, Қирғизистон, Туркия ва Эрон содирот мешавад.

Маблағи фурӯши маҳсулот беш аз 143 миллион сомониро ташкил дод

Маблағи маҳсулоти молии ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар семоҳаи якуми соли 2024 ба 149,4 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 32,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Маблағи фурӯши маҳсулот зиёда аз 143 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба семоҳаи якуми соли гузашта беш аз 28 миллион сомонӣ зиёдтар аст.

Натиҷагирии семоҳаи якуми имсол бозгӯи он аст, ки маблағҳои барои андоз ҳисобшуда пурра пардохт гардидаанд. Бо назардошти ҳадафи минбаъда ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол роҳбарияти ширкат тасмим гирифтааст, ки кадрҳои нави техникиро ба кор ҷалб намояд. Бо ин мақсад сиёсати зарурии кадрӣ ба роҳ монда шудааст.

Аввалин сабиқаи алюминий дар «ТАЛКО» соли 1975 истеҳсол гардид

Намояндагони расонаҳои хабарӣ инчунин Осорхонаи ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» -ро тамошо намуда, бо таърихи бунёд ва фаъолияти пурсамари қариб нимасраи ин корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон шинос гардиданд. Соли оянда ба фаъолияти ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 50 сол пур мешавад. 31 марти соли 1965 хишти нахустини ин корхонаи азим, ки дар минтақа назир надорад, гузошта шуд ва расо баъди 10 сол -31 марти соли 1975 ба фаъолият шуруъ намуда, аввалин сабиқаи алюминийи тоҷик истеҳсол гардид. Муассиси «ТАЛКО» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 100 фоизи саҳмияҳо мутааллиқ ба давлат аст.

Дар корхона 4800 нафар фаъолият доранд

Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ширкат масълаи музди меҳнат бозбинӣ шуда, дар натиҷа музди миёнаи меҳнати кормандон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз зиёд гардида, 2583 сомониро ташкил дод. Маоши кормандони баландихтисос, аз ҷумла электролизчии баланддараҷа дар як моҳ чор ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Алҳол дар корхона 4800 коргару мутахассис, инчунин дар дигар корхонаҳои «ТАЛКО групп» 2000 нафар фаъолият доранд.

Павел ДИК афзуд, ки ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» соли 2023 уҳдадориҳояшро пурра иҷро намуда, ҳоло ширкат аз андоз қарздор нест. Роҳбарият ва мутахассисони ширкат бо истифода аз имконияту захираҳои дохилӣ тамоми тадбирҳоро меандешанд, ки имсол ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ноил гардида, дар рушди иқтисодиёти мамлакат ва дар амал татбиқ намудани Ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат- саноатикунонии босуръат саҳми назаррас гузоранд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Душанбе-Турсунзода-Душанбе

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Апрель 17, 2024 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ (ICIEC) мулоқот намуд
Завқӣ Завқизода аз Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маблағгузориро афзоиш диҳад
Силсилавохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд баргузор шуданд
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар Риёз бо Роҳбари ITFC мулоқот анҷом дод
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дар Риёз иштирок намуд
Одил Рено-Бассо: «Ҳамкории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Тоҷикистонро метавон ҳамчун ҳамкории шарикӣ арзёбӣ намуд»
Дар ноҳияи Данғара Фестивали «Саводнокии молиявӣ» гузаронида шуд
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Рӯзҳои сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Имсол дар вилояти Суғд ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе аз 3 то 5 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад