Соли 2024 дар Тоҷикистон 5 лоиҳа дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақша, соли 2024 дар Тоҷикистон бояд 5 лоиҳа ба маблағи 585 миллион доллари амрикоӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ карда шавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Татбиқи 5 лоиҳа сохтмони 65 пули иборат аз 1,9 км, 5 нақби иборат аз 11,1 км, 5 долон (гузаргоҳ) бо дарозии 06 км ва 278 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро дар бар мегирад.
Инҳо лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои «Роғун – Оби гарм – Нуробод» 76 км, «Бохтар – Леваканд – Лолазор – Данғара» 69 км, «Қалъаихум – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон» 93 км, аз шоҳроҳ то маркази ноҳияи Ванҷ 18 км, аз шоҳроҳ то маркази шаҳри Роғун 11 км мебошанд.
Марказҳо ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳо вазифадор гардидаанд, ки иҷрои саривақтии корҳоро тибқи нақша ва бо сифати баланд таъмин намоянд.
Бояд гуфт, ки баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати воҳид ва транзитӣ табдил додани мамлакат яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






